Monday, 16 November 2026
Sport

«PANDA CUP 2026». Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Чин мусовӣ бозӣ кард

This page is currently available in Tajik only.

«PANDA CUP 2026». Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Чин мусовӣ бозӣ кард

ДУШАНБЕ, 16.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол таҳти роҳбарии Рустам Хоҷаев  дар Мусобиқаи байналмилалии «Panda Cup International Youth Football Tournament Chengdu 2026», ки дар шаҳри Чэндуи Чин ҷараён дорад, бо тими Чин бозӣ кард.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, рақобат бо ҳисоби 1:1 ба анҷом расид. Қаблан, дар бозии якуми мусобиқа дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо тими Кореяи Ҷанубӣ низ ҳисоби бозиро 1:1- мусовӣ карда буд.

Дар даври ниҳоии мусобиқаи «Panda Cup 2026» шогирдони Рустам Хоҷаев бо ҳамсолонашон аз Ветнам бозӣ мекунанд. Ин бозӣ 17 ноябр баргузор мегардад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Source: Khovar News Agency · khovar.tj