Monday, 16 November 2026
Sport

Ҷамъомади таълимӣ-тамринии дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Дубай ба анҷом расид

This page is currently available in Tajik only.

Ҷамъомади таълимӣ-тамринии дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Дубай ба анҷом расид

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии сармураббӣ Игор Суров ҷамъомади таълимӣ-тамриниро дар шаҳри Дубай, ки бо мақсади омодагӣ ба чемпионати ҷаҳон-2026 нигаронида шуда буд, ба анҷом расонид.

Дар доираи омодагӣ футболбозони тоҷик се бозии санҷишӣ анҷом доданд. Дар бозии аввал мунтахаби Тоҷикистон бо тими Кот-д’Ивуар мусовӣ (1:1) кард. Сипас бар тими Фиҷи бо ҳисоби бузурги 5:1 пирӯз шуд. Дар бозии охирин бошад, аз мунтахаби Танзания бо ҳисоби 0:1 мағлуб гардид. Ҳар се вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Al Hamriyah Cultural and Sports Club» баргузор шуданд.

Акнун мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба шаҳри Давҳа сафар карда, дар чемпионати ҷаҳон-2026 иштирок мекунад. Дар марҳилаи гурӯҳӣ дастаи мо дар гурӯҳи «F» бо мунтахабҳои Куба (20 ноябр), Хорватия (23 ноябр) ва Сенегал (26 ноябр) рақобат хоҳад кард.

Source: Varzish TV · varzishtv.tj