Пас аз анҷоми марҳилаи гурӯҳии Лигаи миллатҳои УЕФА дар мавсими 2026/27 ҳашт мунтахаб роҳхати худро ба марҳилаи плей-офф таъмин намуданд.
Тибқи натиҷаҳои марҳилаи гурӯҳӣ, мунтахабҳои Фаронса, Белгия, Олмон, Нидерланд, Англия, Испания, Норвегия ва Португалия муборизаро барои ба даст овардани унвони қаҳрамонӣ идома медиҳанд.
Қуръакашии марҳилаи чаҳорякниҳоӣ рӯзи ҷумъа, 20-уми ноябр баргузор мешавад. Бозиҳои аввали ин марҳила рӯзҳои 25–27 марти соли 2027 ва вохӯриҳои ҷавобӣ рӯзҳои 28–30 март доир мегарданд.
Марҳилаи ниҳоии мусобиқа бошад, аз 9 то 13 июни соли 2027 баргузор хоҳад шуд. Дар ин марҳила беҳтарин мунтахабҳои қораи Аврупо барои ба даст овардани ҷоми Лигаи миллатҳо мубориза мебаранд.
Ёдовар мешавем, ки қаҳрамони феълии Лигаи миллатҳо мунтахаби Португалия мебошад. Португалия дар финали даври қаблии мусобиқа бар муқобили Испания дар вақти асосӣ бо ҳисоби 2:2 мусовӣ карда, дар силсилаи зарбаҳои пеналтӣ бо натиҷаи 5:3 пирӯз шуда буданд.
Ҳамчунин, натиҷаҳои ин мусобиқа бо марҳилаи интихобии Чемпионати Аврупо-2028 алоқаманд буда, метавонанд барои баъзе мунтахабҳо имкони иловагии мубориза барои роҳхат ба ин мусобиқаро фароҳам оваранд.
Source: Varzish TV · varzishtv.tj






