Теннисбози олмонӣ Александр Зверев, ки дар раддабандии ҷаҳонии ATP мақоми аввалро ишғол мекунад, пеш аз анҷоми марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи ҷамъбастии ATP-2026 роҳхати худро ба даври нимниҳоӣ таъмин намуд.
Зверев дар бозии навбатии марҳилаи гурӯҳӣ бар теннисбози амрикоӣ Бен Шелтон, ки дар раддабандии ҷаҳонӣ мақоми чорумро дорад, дар ду сет бо ҳисоби 6:2, 7:6 (7:4) пирӯз шуд.
Ин ғалаба ба теннисбози олмонӣ имкон дод, ки пеш аз анҷоми бозиҳои гурӯҳӣ роҳашро ба марҳилаи плей-офф таъмин намояд. Ӯ дар ду бозии баргузоршуда ду пирӯзӣ ба даст оварда, ҳанӯз ягон сетро аз даст надодааст.
Барои ба даст овардани роҳхати дуюм аз гурӯҳи Ҷон Макинрой теннисбозон Бен Шелтон, Артур Фис ва Рафаэл Ходар мубориза мебаранд.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи ҷамъбастии ATP-2026 аз 15 то 22 ноябр дар шаҳри Турини Италия баргузор мешавад. Қаҳрамони феълии ин мусобиқа теннисбози итолиёвӣ Янник Синнер мебошад.
Source: Varzish TV · varzishtv.tj






