Thursday, 19 November 2026
Sport

Суарес: “Ман ва Месси тамоми кӯшишамонро кардем, то Неймар аз “Барселона” наравад”

This page is currently available in Tajik only.

Суарес: “Ман ва Месси тамоми кӯшишамонро кардем, то Неймар аз “Барселона” наравад”

Ҳамлагари «Интер Майами» Луис Суарес нақл кард, ки чӣ гуна ӯ ва Лионел Месси кӯшиш карданд Неймарро аз тарки «Барселона» ва гузаштан ба «ПСЖ» боздоранд.

«Тобистони соли 2017 Неймарро барои дар «Барселона» мондан розӣ кунондан ғайриимкон буд, ҳарчанд ману Месси тамоми кӯшишамонро мекардем, то нагузорем, ки ӯ ба «ПСЖ» гузарад. Ҳатто Месси ба ӯ гуфта буд, ки агар дар «Барселона» бимонад, соҳиби «Тӯби тиллоӣ» мешавад», — гуфт Суарес дар мусоҳиба бо барномаи Tot costa-и радиои Catalunya Ràdio. Дар ин бора 3Cat хабар додааст.

Тобистони соли 2017 Неймар бо маблағи рекордии 222 миллион евро аз «Барселона» ба «ПСЖ» гузашт.

Футболбози бразилӣ аз моҳи августи соли 2017 то августи соли 2023 дар ҳайати бошгоҳи шаҳри Париж баромад карда, дар 173 бозӣ 118 гол ба самар расонид.

Source: Varzish TV · varzishtv.tj