Friday, 20 November 2026
Sport

“Валенсия” дар Евролигa “Виртус”-ро мағлуб кард

This page is currently available in Tajik only.

“Валенсия” дар Евролигa “Виртус”-ро мағлуб кард

Дастаи «Валенсия» дар бозии хонагии даври 13-уми марҳилаи гурӯҳии Евролигa бар «Виртус» пирӯз шуд. Вохӯрӣ бо ҳисоби 92:87 ба фоидаи дастаи кишвари Испания анҷом ёфт.

Дар ҳайати ғолибон Тимоти Шортс ва Нил Сако бозигарони сермаҳсул буданд. Ҳар кадоми онҳо 20-имтиёзӣ ба даст оварданд. Сако ҳамчунин бо 11 бозёфти тӯб, дабл-дабл анҷом дод. Кэмерон Тейлор ба ҳисоби даста 15 имтиёз зам кард.

Дар ҳайати «Виртус» Рашид Белло бо 15 имтиёз ва 5 бозёфти тӯб бозигари сермаҳсул буд. Боби Клинтман ва Трент Фрейзер ҳар кадом 12-имтиёзӣ ба даст оварданд.

Ин пирӯзӣ ба «Валенсия» имкон дод, ки мавқеи худро дар зинаи аввали ҷадвали мусобиқа боз ҳам мустаҳкам кунад.

Source: Varzish TV · varzishtv.tj