Ҳамлагари дастаи «Интер Майами» -и Амрико Лионел Месси ҳамоно сердаромадтарин футболбози MLS аст. Маоши солонаи ӯ 28,3 миллион долларро ташкил медиҳад. Соли гузашта, Месси 20,45 миллион доллар маош мегирифт. Дар ин бора ESPN хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, ба ғайр аз Месси, боз чаҳор футболбози дигар дар MLS беш аз 10 миллион доллар маош мегиранд. Роберт Левандовски, ки дар ҳайати «Чикаго Файр» бозӣ мекунад, солона 19,51 миллион доллар мегирад.
Маоши Антуан Гризманн аз «Орландо Сити» 13,94 миллион доллар, Сон Хин Мин аз «Лос-Анҷелес» 11,25 миллион доллар ва Брил Эмболо аз «Атланта Юнайтед» 10,81 миллион долларро ташкил медиҳад.
Бояд гуфт, ки маблағи зикршудаи Месси танҳо маоши ӯ барои бозӣ кардан дар даста мебошад. Қаблан хабар дода шуда буд, ки даромади умумии солонаи футболбози аргентинӣ аз 70 то 80 миллион долларро ташкил медиҳад.
Source: Varzish TV · varzishtv.tj






