Friday, 20 November 2026
Sport

“Манчестер Юнайтед” ду ҳимоятгари нав мехарад

This page is currently available in Tajik only.

“Манчестер Юнайтед” ду ҳимоятгари нав мехарад

Бошгоҳи «Манчестер Юнайтед» ба ҳимоятгарони «Эвертон» Ҷаррад Брэнтуэйт ва «Фулҳэм» Калвин Бэсси таваҷҷуҳ дорад. «Девҳои сурх» ин ду футболбозро ҳамчун вариантҳои эҳтимолӣ барои тақвияти хатти дифоъ дар равзанаи трансферии моҳи январ баррасӣ мекунанд. Дар ин бора Sky Sports хабар додааст.

Тибқи иттилои манбаъ, «Фулҳэм» мехоҳад шартномаи худро бо Калвин Бэссии 26-сола тамдид кунад. Шартномаи феълии ҳимоятгар тобистони соли 2027 ба анҷом мерасад.

Бояд гуфт, ки «Манчестер Юнайтед» ҳанӯз соли 2024 ду маротиба барои харидории Ҷаррад Брэнтуэйт кӯшиш карда буд, аммо ҳар ду пешниҳоди бошгоҳ рад шуданд. Пешниҳоди дуюми «девҳои сурх» тақрибан 50 миллион фунт стерлинг (59,5 миллион евро) буд.

Роҳбарияти «Манчестер Юнайтед» дар ҷустуҷӯи ҳимоятгарони марказӣ мебошанд. Онҳо метавонанд ҷойгузини эҳтимолии Лисандро Мартинес шаванд. Ояндаи футболбози аргентинӣ дар «Олд Траффорд» норӯшан боқӣ мондааст, зеро муҳлати шартномаи кунунии ӯ ба анҷом мерасад ва эҳтимол дорад тобистони соли оянда дастаашро тарк кунад.

Ёдовар мешавем, ки мутахассиси аргентини Мауриси Почеттино сармураббии нави «Манчестер Юнайтед» шуд ва бозии аввалро бо тими «Ливерпул» рӯзи 22-юми ноябр баргузор мекунад.

Source: Varzish TV · varzishtv.tj