ДУШАНБЕ, 21.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол таҳти роҳбарии Игор Суров Ҷоми ҷаҳон-2026-ро бомуваффақият оғоз карда, дар бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳӣ ҳамсолони худ аз Кубаро мағлуб намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, вохӯрии гурӯҳи «F» 20 ноябр дар майдони маҷмааи варзишии «Aspire Zone»-и Давҳа баргузор шуда, бо ҳисоби 5:3 ба нафъи мунтахаби мо анҷом ёфт.
Дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон-2026 мунтахаби наврасони Тоҷикистон 23 ноябр бо тими наврасони Хорватия бозӣ мекунад.
Нимҳимоятгари мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) Комилҷон Шарипов, ки дар Ҷоми ҷаҳон-2026 голи аввалини дастаи моро ба самар расонд, беҳтарин бозингари дидор муқобили тими Куба (5:3) эътироф гардид.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон
Source: Khovar News Agency · khovar.tj






