Monday, 23 November 2026
Sport

Бозии рӯз: Тоҷикистон – Хорватия, имрӯз дар ТВ “Варзиш”

This page is currently available in Tajik only.

Бозии рӯз: Тоҷикистон – Хорватия, имрӯз дар ТВ “Варзиш”

Имрӯз, 23 ноябр мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми худро дар Ҷоми ҷаҳон-2026 баргузор мекунад.

Дар гурӯҳи «F» рақиби дастаи мо мунтахаби Хорватия хоҳад буд, ки дар оғози мусобиқа бо тими Сенегал мусовӣ (1:1) кард. Тими мунтахаби Тоҷикистон дар бозии даври аввал бо ҳисоби 5:3 Кубаро шикаст дода буд.

Мунтахаби то 17-солаи Хорватия яке аз дастаҳои ҷиддии футболи наврасони Аврупо ба ҳисоб меравад. Ин тим бо мактаби пурқуввати футбол, омодасозии бозигарони ҷавон ва таҷрибаи иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ фарқ мекунад.

Тими то 17 солаи Хорватия бори 5-ум мешавад, ки дар мусобиқаҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол иштирок мекунад ва беҳтарин натиҷаро соли 2015 ба қайд гирфтааст, ки то ба марҳилаи чаҳорякниҳоӣ расида буд.

Тими то 17 солаи Тоҷикистон бори чаҳорум дар мусобиқаҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол иштирок мекунад ва беҳтарин натиҷаро соли 2007 ба қайд гирфитааст, ки ин то марҳилаи ҳаштякниҳоӣ маҳсуб мешавад.

Бозигари асосии Хорватия дар Ҷоми ҷаҳонии-2026 ин ҳамлагар Якоб Дедич маҳсуб мешавад. Ин бозигар яке аз чеҳраҳои асосии Хорватия дар ин мусобиқа мебошад. Ӯ дар Чемпионати Аврупо миёни дастаҳои то 17 сола дар соли 2026 бо бозии муассир таваҷҷуҳи мутахассисонро ба худ ҷалб карда буд. Ӯ дар ин мусобиқа соҳиби ҷоизаи «Кафши тиллоӣ» шуд ва дар бозӣ муқобили Испания се гол зада, ба пирӯзии Хорватия бо ҳисоби 3:2 саҳм гузошт.

Ҳимоятгар Филип Павич, ки дар ҳайати тими то 17 солаи «Бавария» бозӣ мекунал, яке аз бозигарони дигари хавфноки Хорватия маҳсуб мешавад. Павич қадбаландтарин бозигари Хорватия маҳсуб мешавад, ки 193 сантиметр қад дорад.

Дар ҳайати Тоҷикистон яке аз чунин чеҳраҳо Комилҷон Шарипов мебошад. Ӯ дар муддати чанд ҳафта дар ду мусобиқаи ҷаҳонии таҳти сарпарастии ФИФА иштирок карда, Тоҷикистонро муаррифӣ намуда истодааст.

Шарипов сараввал дар нахустин Ҷоми ҷаҳонии футбол миёни наврасони то 15-сола ва фестивали ФИФА, ки дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон баргузор шуд, ҳунарнамоӣ кард. Ӯ дар бозии ниҳоӣ бар муқобили тими Канада ду гол зада, ба ғалабаи бозгашти Тоҷикистон бо ҳисоби 4:2 саҳм гузошт.

Онҷо мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) таҳти роҳбарии сармураббӣ Нуъмонҷон Юсупов дар аввалин чемпионати ҷаҳон-2026 миёни наврасон дар Боку ғолиби дивизиони «D» шуд.

Акнун футболбози ҷавон дар ҳайати мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар Ҷоми ҷаҳонии ФИФА-2026, ки дар Қатар оғоз шуд, иштирок дорад. Комилҷон Шарипов дар бозӣ бо Куба голи аввалини дастаи моро ба самар расонда, беҳтарин бозигари дидор эътироф гардид.

Меҳрубон Одилзода яке аз чеҳраҳои дигари тими миллии мо дар ин мусобиқа аст ва пас аз бозиҳои даври аввал ба ҳайати рамзии мусобиқа ворид шуд. Бозигари «Ҳосилот» - Фурқон Раҳимзода низ яке аз чеҳраҳои тими миллии мо маҳсуб мешавад.

Ҳоло дар муқобили мо як имтиҳони ҷиддӣ қарор дорад. Тоҷикистон мехоҳад бори дигар исбот кунад, ки метавонад бо намояндагони мактаби пурқуввати футболи Аврупо рақобат намояд. Хорватия таҷриба ва имкониятҳои худро дорад, аммо наврасони мо низ бо ирода, суръат ва хоҳиши ғалаба ба майдон меоянд.

Оё шогирдони Игор Суров метавонанд боз як натиҷаи таърихиро ба даст оранд? Оё ҳамлагарони Тоҷикистон бар муқобили муҳофизони пурқуввати Хорватия имкониятҳои худро истифода мебаранд? Посухи ин саволҳоро бозии имрӯз муайян хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки вохӯрӣ дар майдони №9-и майдони варзишии «Aspire Zone»-и шаҳри Давҳа соати 15:30 ба вақти маҳаллӣ (17:30 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.

Source: Varzish TV · varzishtv.tj