Monday, 23 November 2026
Sport

Почеттино бадтарин дебютро дар таърихи сармураббиёни “МЮ” такрор кард

This page is currently available in Tajik only.

Почеттино бадтарин дебютро дар таърихи сармураббиёни “МЮ” такрор кард

Рӯзи якшанбеи 22 –юми ноябр, дар доираи бозиҳои даври 11-уми Премйер-лигаи Англия дастаҳои «Ливерпул» ва «Манчестер Юнайтед» дар варзишгоҳи «Энфилд» ба ҳам омаданд. Вохӯрӣ бо ғалабаи бузурги мизбонон бо ҳисоби 4:0 ба анҷом расид.

Ин бозӣ барои Маурисио Почеттино аввалин вохӯрӣ дар мақоми сармураббии «Манчестер Юнайтед» ба ҳисоб мерафт. Аммо оғози фаъолияти мутахассиси аргентинӣ дар бошгоҳи шаҳри Манчестер хеле номуваффақ буд.

Бо ин натиҷа Почеттино рекорди манфии таърихии бошгоҳро такрор кард. Бори охир «Манчестер Юнайтед» дар нахустин бозии сармураббии худ бо чунин ҳисоби бузург соли 1926 шикаст хӯрда буд. Он замон «Манчестер Юнайтед» дар бозии аввал таҳти роҳбарии сармураббии бозигар Кларенс Ҳилдич аз «Болтон» бо ҳисоби 0:4 мағлуб шуда буд.

Ҳамин тавр, баъд аз 100 сол таърихи талх такрор шуд ва дебюти Почеттино дар «Манчестер Юнайтед» бо шикасти вазнин оғоз гардид.

Source: Varzish TV · varzishtv.tj