Теннисбози испанӣ Карлос Алкарас рӯзи якшанбе дар шаҳри Турини Италия бори аввал дар фаъолияти касбиаш ғолиби мусобиқаи ҷамъбастии мавсим — ATP Finals гардид. Ӯ дар бозии ниҳоӣ намояндаи Олмон Александр Зверевро дар ду сет бо ҳисоби 6:2, 7:6 (9:7) мағлуб кард.
Алкарас дар сети аввал бартарии комил дошт. Ӯ аз мушкилоти Зверев ҳангоми иҷрои зарбаҳои сервисӣ истифода бурда, бо ҳисоби 6:2 пирӯз шуд. Теннисбози олмонӣ дар ин сет 19 хатои иҷозатдодашуда анҷом дод.
Дар сети дуюм мубориза хеле ҷолибтар шуд. Ҳар ду теннисбоз якбор сервисро аз даст доданд ва Зверев бо ҳисоби 5:4 пешсаф гардид. Аммо тақдири сет дар тай-брейк ҳал шуд. Алкарас тавонист се имконияти пайдарпайи Зверевро барои ба даст овардани сет бартараф намуда, бо ҳисоби 9:7 пирӯзиро таъмин кунад.
Ин ғалаба барои ракеткаи якуми ҷаҳон 14-умин пирӯзии пайиҳам ба ҳисоб меравад. Алкарас пас аз тарки мусобиқаи US Open дар чор мусобиқаи гуногун қаҳрамон шуда, аз 23 бозии охирини худ дар 22-тоаш пирӯз гардидааст. Ӯ пеш аз ин дар мусобиқаҳои Вена ва Париж низ унвони қаҳрамониро ба даст оварда буд.
Барои теннисбози испанӣ ин ҷом аҳамияти хос дорад, зеро мавсими имсолааш бо осеби даст низ сояафкан шуда буд. Акнун Алкарас яке аз муҳимтарин унвонҳои дар фаъолияти варзишияш намерасидаро ба даст овард.
Ҳамин тавр, Карлос Алкарас мавсими пурмуваффақияти худро бо пирӯзии таърихӣ дар ATP Finals ҷамъбаст кард!
Source: Varzish TV · varzishtv.tj






