Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми худро дар марҳилаи гурӯҳии чемпионати ҷаҳон-2026, ки дар Қатар ҷараён дорад, анҷом дод.
Дар бозии даври дуюми гурӯҳи «F» дастаи мо аз мунтахаби Хорватия бо ҳисоби 0:4 шикаст хӯрд.
Аз ҳайати тими Хорватия голҳоро Бенкотич дар дақиқаҳои 6-ум аз пеналтӣ, 50-ум, 56-ум аз пеналтӣ ва Дедич дар дақиқаи 56-ум ба самар расониданд.
Дар бозии дигари гурӯҳ Сенегал бо ҳисоби 9:0 бар Куба ғолиб омад. Ҳоло дар гурӯҳи «F» тими мунтахаби Сенегал бо 4 имтиёз дар зинаи аввал аст. Хорватия бо 4 имтиёз ва таносуби тӯбҳо дар зинаи дуюм мавқеъ гирифтааст. Тоҷикистон бо 3 имтиёз дар зинаи сеюм аст. Куба бидуни имтиёз дар зинаи охир маскан гирифтааст.
Дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии чемпионати ҷаҳон-2026 мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Сенегал рӯ ба рӯ мешавад. Ин вохӯрӣ 26 ноябр соати 21:00 ба вақти Душанбе оғоз мегардад.
Барои дастаи мо ин бозӣ дар мубориза барои роҳ ёфтан ба марҳилаи навбатии мусобиқа ҳалкунанда хоҳад буд.
Source: Varzish TV · varzishtv.tj






