Tuesday, 24 November 2026
Sport

Эндрик бар асари ҷароҳат тақрибан се ҳафта аз майдон дур мемонад

This page is currently available in Tajik only.

Эндрик бар асари ҷароҳат тақрибан се ҳафта аз майдон дур мемонад

Ҳамлагари бошгоҳи «Реал Мадрид» Эндрик ҷароҳат бардошта, муддате наметавонад ба майдон барояд. Дар ин бора хадамоти матбуотии бошгоҳи шаҳри Мадрид хабар додааст.

Пас аз муоинаи тиббӣ маълум шудааст, ки футболбози бразилӣ аз мушакҳои қисми дарунии рони пои чапаш осеб дидааст. Бошгоҳ таъкид кардааст, ки раванди барқароршавии футболбоз зери назорати табибон қарор дошта, вазъи ӯ мунтазам арзёбӣ мешавад.

Тибқи иттилои нашрияи AS, Эндрик тақрибан се ҳафта аз майдон дур хоҳад монд.

Бори охир ҳамлагари «Реал» рӯзи 21-уми ноябр дар бозии Чемпионати Испания бар муқобили «Селта» ба майдон баромада буд. Ӯ дар дақиқаи 71-ум ба ҷойи Ян Диоманде вориди бозӣ шуд.

Эндрик дар мавсими ҷорӣ дар ҳашт бозӣ иштирок карда, ба задани як гол ноил шудааст.

Source: Varzish TV · varzishtv.tj