Ҷудокори навраси тоҷик Муҳаммаданис Солиҳов дар рӯзи якуми мусобиқаи Tashkent Grand Prix Cadets 2026 дар шаҳри Тошканд ба гирифтани медали тилло ноил шуд.
Муҳаммаданис Солиҳов дар вазни то 55 кг рақобатҳоро дар даври аввал озод паси сар намуда, дар даври дуюм намояндаи Кореяи Ҷанубӣ - Ҳорин Ҷонгро шикаст дод. Дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ Солиҳов бар намояндаи Қирғизистон - Баиел Исмаилов зафар ёфта, ба даври нимниҳоӣ баромад.
Дар марҳилаи нимниҳоӣ Муҳаммаданис Солиҳов ғалабаро муқобили намояндаи Туркманистон - Азатбек Равшанов ба даст оварда, ба финал баромад. Дар финали мусобиқа Солиҳов бар намояндаи Қазоқистон - Йермат Кенгесбек зафар ёфта, соҳиби нишони тилло гардид.
Паҳлавони дигари тоҷик Хушдил Хушдилзода (-50 кг) дар мубориза барои нишони биринҷӣ аз намояндаи мизбон - Санҷарбек Мирғиёсов мағлуб шуда, панҷум шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаи Tashkent Grand Prix Cadets 2026 дар шаҳри Тошканд 14 ҷудокори тоҷик иштирок доранд. Дар рӯзи аввали мусобиқа Тоҷикистонро Аббос Алиев (-50 кг), Хушдил Хушдилзода (-50 кг), Муҳаммаданис Солиҳов (-55 кг), Иброҳимҷон Ҷаъфарзода (-55 кг), Исомиддин Қосимов (-60 кг), Армон Сафаров (-60 кг), Анӯшервон Шамсов (-66 кг) ва Садриддин Қурбонов (-66 кг) муаррифӣ карданд. Танҳо ба Муҳаммаданис Солиҳов муяссар гардид, ки соҳиби нишони тилло шавад.
Пагоҳ, дар рӯзи охири мусобиқа Тоҷикистонро Шамил Исмоилов (-73 кг), Муҳаммадҷон Зиёев (-73 кг), Мустафо Чӯянов (-81 кг), Билол Хушвахтов (-81 кг), Темуршоҳ Вазиров (+90 кг) ва Муҳаммадҷон Ахмедов (+90 кг) намояндагӣ мекунанд. Дар мусобиқа 250 ҷудокор аз 19 кишвари ҷаҳон иштирок доранд.
Source: Varzish TV · varzishtv.tj






