Wednesday, 25 November 2026
Sport

Муҳаммаданис Солиҳов дар Мусобиқаи «Tashkent Grand Prix Cadets 2026» соҳиби медали тилло гардид

This page is currently available in Tajik only.

Муҳаммаданис Солиҳов  дар Мусобиқаи «Tashkent Grand Prix Cadets 2026» соҳиби медали  тилло гардид

ДУШАНБЕ, 25.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавони навраси тоҷик Муҳаммаданис Солиҳов дар рӯзи якуми Мусобиқаи «Tashkent Grand Prix Cadets 2026» оид ба гӯштини ҷудо дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон соҳиби медали тилло гардид.

Муҳаммаданис Солиҳов дар вазни то 55 кг рақобатҳоро дар даври аввал озод паси сар намуда, дар даври дуюм намояндаи Кореяи Ҷанубӣ — Ҳорин Ҷонгро мағлуб намуд. Дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ Муҳаммаданис Солиҳов бар намояндаи Қирғизистон Баиел Исмаилов зафар ёфта, ба даври нимниҳоӣ баромад. Дар марҳилаи нимниҳоӣ Муҳаммаданис Солиҳов бар намояндаи Туркманистон Азатбек Равшанов зафар ёфта, ба финал баромад. Дар финали мусобиқа Муҳаммаданис Солиҳов бар намояндаи Қазоқистон Йермат Кенгесбек ғолиб омад ва соҳиби медали тилло гардид.

Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаи «Tashkent Grand Prix Cadets 2026» оид ба гӯштини ҷудо, ки дар шаҳри Тошканд идома дорад, 14 ҷудочии тоҷик иштирок доранд. Дар рӯзи якуми мусобиқа аз Тоҷикистон Аббос Алиев ва Хушдил Хушдилзода дар вазни то 50 кг, Муҳаммаданис Солиҳов ва Иброҳимҷон Ҷаъфарзода дар вазни то 55 кг, Исомиддин Қосимов ва Армон Сафаров дар вазни то 60 кг, Анӯшервон Шамсов ва Садриддин Қурбонов дар вазни то 66 кг ҳунарнамоӣ карданд. Аз ин миён танҳо ба Муҳаммаданис Солиҳов муяссар гардид, ки соҳиби нишони тилло шавад.

Дар рӯзи охирини мусобиқа аз Тоҷикистон Шамил Исмоилов ва Муҳаммадҷон Зиёев дар вазни то 73 кг, Мустафо Чӯянов ва Билол Хушвахтов дар вазни то 81 кг, Темуршоҳ Вазиров ва Муҳаммадҷон Ахмедов дар вазни +90 кг баромад мекунанд.

Дар мусобиқа 250 ҷудочӣ аз 19 давлати ҷаҳон иштирок доранд.

АКС аз манбаъҳои боз

Source: Khovar News Agency · khovar.tj