Wednesday, 25 November 2026
Sport

Винисиус аз Пушкаш пеш гузашт!

This page is currently available in Tajik only.

Винисиус аз Пушкаш пеш гузашт!

Дастаи «Реал Мадрид» дар бозии даври панҷуми марҳилаи умумии Лигаи чемпионҳои мавсими 2026/27 бар ПСВ-и Нидерланд бо ҳисоби бузурги 5:1 пирӯзӣ ба даст овард. Ҳисоби ниҳоии вохӯриро дар дақиқаи 87-ум ҳамлагари бразилӣ Винисиус Ҷуниор муайян кард.

Пас аз ин гол шумораи голҳои Винисиус дар ҳайати «Реал Мадрид» дар мусобиқаи Лигаи чемпионҳо ба 35 расид. Ҳамин тариқ, футболбози бразилӣ бо нишонзани афсонавии футболи Маҷористон Ференс Пушкаш баробар шуда, ба панҷгонаи беҳтарин нишонзанҳои таърихи бошгоҳи «Реал Мадрид» дар мусобиқаи бонуфузтарини клубии Аврупо ворид гардид.

Дар таърихи Ҷоми чемпионҳои Аврупо ва Лигаи чемпионҳо танҳо чаҳор футболбоз дар ҳайати «Реал Мадрид» аз Винисиус ва Пушкаш бештар гол задаанд. Криштиану Роналду бо 105 гол дар зинаи аввал қарор дорад. Баъд аз ӯ Карим Бензема бо 78 гол, Раул бо 66 гол ва Алфредо Ди Стефано бо 49 гол ҷой гирифтаанд.

Ҳамин тариқ, Винисиус Ҷуниор бо 35 гол ба қатори беҳтарин нишонзанҳои тамоми давру замони «Реал Мадрид» дар мусобиқаи асосии бошгоҳии Аврупо ворид шуда, боз як дастоварди муҳимро дар фаъолияти футболии худ сабт кард.

Лигаи чемпионҳо | Даври 5

«Реал Мадрид» 5:1 ПСВ

Голҳо: Иван Перишич 32' (п), Федерико Валверде 50', Ҷуд Беллингем 60', Килиан Мбаппе 64', 84', Винисиус Ҷуниор 87'



Source: Varzish TV · varzishtv.tj