Дастаи «Реал Мадрид» силсилаи пирӯзиҳои худро дар ҳамаи мусобиқаҳо ба 10 бозӣ расонд. Дар ин бора сомонаи расмии бошгоҳи шаҳри Мадрид хабар додааст.
Рӯзи сешанбе, 24 ноябр, шогирдони Жозе Моуриню дар бозии даври панҷуми марҳилаи умумии Лигаи чемпионҳо тими ПСВ-и Нидерландияро бо ҳисоби бузурги 5:1 шикаст доданд. Бо ин пирӯзӣ дастаи шаҳри Мадрид силсилаи ғалабаҳои худро ба 10 бозӣ расониданд. Аз ин шумора шаш пирӯзӣ дар Ла Лигаи Испания ва чаҳор пирӯзӣ дар Лигаи чемпионҳо ба даст омадааст.
Қобили зикр аст, ки «Реал Мадрид» бори охир чунин натиҷаро солҳои 2021 ва 2022, замоне ки Карло Анчелотти сармураббии даста буд, ба даст оварда буд. Ҳамин тавр, пас аз чор сол мадридиҳо дубора тавонистанд дар 10 бозии пайдарпайи ҳамаи мусобиқаҳо ғолиб шаванд.
Source: Varzish TV · varzishtv.tj






