Технологияҳои рақамӣ имрӯз ба яке аз омилҳои муҳими рушди иқтисод ва ҷомеа табдил ёфтаанд. Дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони сохторҳои давлатӣ, ширкатҳои технологӣ, сармоягузорон, коршиносон ва шарикони байналмилалӣ масъалаҳои марбут ба рушди соҳаи рақамӣ ва имкониятҳои нави ҳамкорӣ баррасӣ шуданд. Дар доираи форуми байналмилалии TAJTECH 2026 ҳамзамон намоишгоҳи технологияҳо ва роҳҳои ҳалли рақамӣ баргузор гардид.
Source: TV Dushanbe on YouTube · YouTube




