Таҷлили “Рӯзи соҳибкорон” рамзи таҳкими шарикии давлат ва бахши хусусӣ буда, дар заминаи он пайваста барои осон кардани фаъолияти тиҷоратӣ имтиёзу мораторийҳо пешбинӣ мешаванд ва вохӯрии Президенти Чумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол бо соҳибкорону сармоягузорон онҳоро нисбат ба пешаи интихобнамудаашон руҳбаланд намуда, водор менамояд, ки то бештар аз пештар дар рушди иқтисоди кишвар, ғанӣ гардонидани буҷети давлат ва беҳтар гардонидани сатҳи зиндагии сокинони кишвар саҳми муассиру шоистаро гузоранд.
Зимнан дар пойтахт ҷаласаи канории шаҳри Душанбе бо соҳибкорону сармоягузорон ва намояндагони МИҲД-ии ш.Душанбе идома ёфт.
Source: TV Dushanbe on YouTube · YouTube




