Панҷшанбе, 12 ноябр 2026
Хабарҳо

САФАРИ КОРИИ МУҲТАРАМ РУСТАМИЭМОМАЛӢ БА НОҲИЯИ ДАРВОЗИ ВМКБ

САФАРИ КОРИИ МУҲТАРАМ РУСТАМИЭМОМАЛӢ БА НОҲИЯИ ДАРВОЗИ ВМКБ

14 октябр Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози ВМКБ ташриф оварданд.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ нахуст дар деҳаи Зеви ноҳияи Дарвоз аз Хоҷагии моҳипарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Тоҷ-Корея”дидан намуданд. Масоҳати умумии замини хоҷагӣ бо озмоишгоҳ зиёда аз 3 гектарро ташкил дода, иқтидори лоиҳавии он дар марҳилаи аввал истеҳсоли 200 тонна гушти моҳӣ дар як сол мебошад. Ҳавзҳои калони хоҷагӣ ҳоло наздики 100 ҳазор моҳӣ дорад. Озмоишгоҳи хоҷагӣ бо навтарин таҷҳизоту технологияи истеҳсоли Ҷумҳурии Корея таъмин буда, раванди тухммонӣ ва вазнгирии моҳичаҳо тавассути 30 ҳавзи даврашакл идора мешавад.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ аснои шиносоӣ бошароити озмоишгоҳ ба кори кормандон ва муассисонихоҷагӣ баҳои баланд доданд.
Дар идома, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарамРустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияиДарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии “ЗЕВ-С”шинос гардида, аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ватаомҳои милливу маҳаллӣ боздид намуданд.
Зикр гардид, ки комплекси сайёҳӣ дар байниқаторкӯҳҳои деҳаи Зев, дар масоҳати зиёда аз 2 гектарбо тарҳи муосиру ҷавобгӯи талаботи стандартибайналмилалӣ сохта шудааст. Дар комплекси сайёҳӣ10 хонаи истиқоматӣ ва дигар таҷҳизотисолимгардонӣ ворид ва насб шуда, дастгоҳу таҷҳизотидохили он бо ишора идора карда мешавад.
Тибқи маълумот, ҳоло дар ноҳияи Дарвоз зиёдааз 160 иншооти таърихиву сайёҳӣ ва хизматрасонӣфаъолият дошта, шумораи зиёди сайёҳони дохиливухориҷӣ аз мавзеъҳои таърихӣ ва сайёҳии ин минтақадидан менамоянд.
Давоми рӯз Раиси Маҷлиси миллии МаҷлисиОлии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ПрезидентиФедератсияи футболи Тоҷикистон, Раиси шаҳриДушанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар деҳаиҚалъаи Хумби Ҷамоати деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияиДарвоз, варзишгоҳи болопушидаи “Нури МодарАрена”, майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариромавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Сохтмони варзишгоҳи болопӯшида дар асосидастуру супоришҳои Президенти Федератсияифутболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣмоҳи июни соли 2026 оғоз ёфта, моҳи октябри соли2026 бо риояи талаботҳои сатҳи байналмилалӣ баанҷом расидааст.
Зимни шиносоӣ ба Раиси шаҳри Душанбемуҳтарам Рустами Эмомалӣ иттилоъ дода шуд, киварзишгоҳ дар масоҳати 3328,0 метри мураббаъ ботарҳи муосир сохта шуда, дорои 300 ҷойи нишастмебошад. Майдони мазкур бо истифода аз усулҳоимуосири сохтмон ва бо дарназардошти таҷрибаипешқадами байналмилалӣ дар соҳаи инфрасохториварзишӣ бунёд гардидааст. Иншооти нави замонавӣдар деҳаи Қалъаи Хум барои фароҳам оварданишароити мусоид баҳри рушди ҳамаҷонибаи футболикишвар бунёд гардида, ба тарғиби тарзи ҳаёти солимва оммавигардонии футбол заминаи мусоид фароҳаммеорад.
Сокинони ноҳия барои фароҳам овардани чуниншароити мусоиди варзишӣ, ки бо дастур ва ҳидоятибевоситаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси ОлииҶумҳурии Тоҷикистон, Президенти Федератсияифутболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣроҳандозӣ гардидааст, сипосу миннатдорӣ намуда, изҳор доштанд, ки минбаъд низ ҷиҳати рушди варзишдар минтақа ва кишвар, дарёфти истеъдодҳои навиварзишӣ, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи солим ваватандӯстӣ саҳми арзандаи худро хоҳанд гузошт.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси ОлииҶумҳурии Тоҷикистон, Президенти Федератсияифутболи Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарамРустами Эмомалӣ дар деҳаи Даштаки Ҷамоати деҳотиҚалъаихуми ноҳияи Дарвоз, Академияи футболиВМКБ-ро ба истифода доданд.
Бинои Академияи футбол аз ду ошёна иборатбуда, дар масоҳати умумии 7800 метри мураббаъбунёд гардидааст. Иншоот дорои хонаҳои хоб, толоримашваратӣ, утоқҳои корӣ, толори варзишӣ, ҳуҷраҳоилибосивазкунӣ, ҳаммом ва ошхона барои 40 нафармебошад.
Майдони футболи академия дорои 2000 ҷойинишаст буда, бо риояи стандартҳои байналмилалиимайдонҳои варзишӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи ФИФАсохта шудааст.
Сохтмони Академия дар асоси дастуримуҳтарам Рустами Эмомалӣ моҳи марти соли 2026 оғоз ёфта, моҳи сентябри ҳамин сол дар муҳлатимуайяншуда ба анҷом расидааст. Бунёди иншооти мазкур аз иқдомҳоиварзишпарваронаи муҳтарам Рустами Эмомалӣ баҳисоб рафта, ба ҷалби кӯдакону наврасон, ҷавононубонувон ба ин намуди варзиш заминаи хуб фароҳаммеорад.
Мавриди зикр аст, ки тайи солҳои охир боташаббусҳои созанда ва иқдомҳои бевоситаиПрезиденти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Раисишаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дартамоми шаҳраку ноҳияҳои кишвар бунёди чунининшоотҳои варзишию солимгардонӣ вусъат ёфта, барои машғул шудани наврасону ҷавонон ба варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва таҳкими солимии ҷомеашароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси ОлииҶумҳурии Тоҷикистон, Президенти Федератсияифутболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ бамасъулини Федератсияи футболи Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту ноҳиява сохторҳои дахлдор супориш доданд, ки бамасъалаи нигоҳдорӣ, истифодаи самаранок ватаъмини ҳолати санитарию техникии варзишгоҳҳо, майдонҳои футбол ва дигар иншоотҳои варзишиюсолимгардонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, баҳриҳамеша тозаву озода, ободу зебо ва дар ҳолати хубитехникӣ нигоҳ доштани онҳо тадбирҳои зарурӣандешанд.
Зеро маҳз дар чунин иншоотҳои ҷавобгӯ баталаботҳои муосир наврасону ҷавонон метавонандмаҳорати варзишии худро сайқал дода, бамусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣомодагӣ бинанд.
 Ҳадафи асосӣ аз бунёду нигоҳдории чунининшоот на танҳо муҳайё намудани шароити мусоидбарои машғул шудан ба варзиш, балки тарбияи наслисолиму неруманд, дарёфти истеъдодҳои нав ва бакамол расонидани варзишгароне мебошад, ки дароянда шарафи давлату миллати тоҷикро дармусобиқаҳои бонуфузи сатҳи байналмилалӣ баландбардоранд.

Манбаъ: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе · dushanbe.tj