ДУШАНБЕ, 29.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой (12 ҷойи якум, 24 ҷойи дуюм ва 29 ҷойи сеюм) ҷойи аввалро ишғол намуд. Вилояти Суғд бо 32 ҷой (2 ҷойи якум, 14 ҷойи дуюм ва 16 ҷойи сеюм) дар ҷойи дуюм, вилояти Хатлон бо 19 ҷой (2 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм ва 15 ҷойи сеюм) дар ҷойи сеюм қарор гирифтанд. Шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо 12 ҷой (1 ҷойи якум, 5 ҷойи дуюм ва 6 ҷойи сеюм) дар ҷойи чорум ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо 3 ҷой (1 ҷойи дуюм ва 2 ҷойи сеюм) дар ҷойи панҷум ҷойгир шуданд. Дар ин хусус имрӯз зимни маросими ҷамъбастӣ ва ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» иттилоъ дода шуд.
Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷамъбастӣ ва ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор гардид.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» аз ҷараёни баргузории ин чорабинӣ иттилоъ дод, ки Раиси комиссияи озмун, муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ зимни сухани ифтитоҳӣ иштирокчиёнро бо анҷоми бомуваффақияти Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат», ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардидааст, табрик намуд.
Иброз гардид, ки ин иқдоми арзандаи Пешвои миллат ба мактаби воқеии ҳавасмандгардонии ҷавонон ба омӯзиш, ҷустуҷӯ, эҷод ва таҳқиқи илмҳои дақиқ табдил ёфтааст.
Гуфта шуд, ки озмуни мазкур бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо баргузор мегардад.
Тибқи маълумоти оморӣ, дар даври сеюми озмун ҳамагӣ 4 ҳазору 482 довталаб иштирок намуда, аз рӯйи натиҷаҳои ҷамъбаст 697 ғолиб ба даври чоруми озмун роҳхат гирифтанд. Аз ин шумора 244 нафар хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 223 нафар хонандаи муассисаҳои таълимии типи нав, 184 нафар донишҷӯ ва 49 нафар намояндагони касбу кори гуногун мебошанд.
Даври ниҳоии озмун нишон дод, ки баргузории чунин чорабиниҳо ба таҳкими иқтидори зеҳнӣ дар байни наврасону ҷавонон, ҳавасмандсозии омӯзгорон ва волидон, боло бурдани мақому нуфузи илму дониш дар ҷомеа ва дарёфти ҷавонони боистеъдод мусоидат мекунад.
Озмун ба ташаккули ҷомеаи донишбунёд ва густариши фарҳанги илмомӯзӣ такони ҷиддӣ бахшид.
Дар маросими ҷамъбастӣ ба ғолибони озмун дар номинатсияҳои гуногун ҷойҳои якум, дуюм, сеюм супорида шуда, онҳо бо дипломҳо, ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи тадорукот қадрдонӣ гардиданд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj






