ДУШАНБЕ, 04.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM, ки аз 3 то 5 ноябри соли 2026 дар шаҳри Лондони Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ баргузор мегардад, иштирок доранд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар доираи намоишгоҳ гӯшаи сайёҳии Тоҷикистон ташкил карда шудааст. Дар он зарфияти фарогири соҳаи сайёҳӣ, захираҳои нодири табиӣ, мероси ғании таърихию фарҳангӣ, мавзеъҳои ҷолиби сайёҳӣ ва имконоти рушди намудҳои гуногуни сайёҳӣ муаррифӣ мегарданд.
Иштироки Тоҷикистон дар яке аз намоишгоҳҳои бонуфузи байналмилалии соҳаи сайёҳӣ барои муаррифии бештари имконияти сайёҳии мамлакат дар бозори ҷаҳонӣ, таҳкими мавқеи мамлакат ҳамчун макони ҷолиби сайёҳӣ ва густариши ҳамкории байналмилалӣ аҳамияти муҳим дорад.
Ин намоишгоҳ барои ҷалби сармояи хориҷӣ ба соҳаи сайёҳӣ, ба роҳ мондани робитаҳои мустақим бо ширкатҳои сайёҳии хориҷӣ, табодули таҷриба ва дарёфти шарикони нави ҳамкорӣ имконияти мусоид фароҳам меорад.
Иштироки Тоҷикистон дар чунин чорабиниҳои байналмилалӣ ба баланд бардоштани муаррифии сайёҳии мамлакат, ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ва муаррифии имконоти нодири Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамояд.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj



