Панҷшанбе, 12 ноябр 2026
Хабарҳо

ТАБРИКОТИ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ МИЛИТСИЯ

ТАБРИКОТИ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ МИЛИТСИЯ

Муҳтарам кормандон, хизматчиён ва собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ!

Ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи кормандони милитсия самимона табрик мегӯям.

Мақомоти корҳои дохилӣ дар низоми давлатдории миллӣ мавқеи муҳим дошта, дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ ва таҳкими волоияти қонун нақши калидӣ мебозанд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти корҳои дохилӣ марҳилаҳои муҳими рушду такмилро тай намуда, дорои иқтидори баланди касбӣ ва заминаҳои моддию техникии муосир гардидааст.

Дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир ҳифзи суботу оромӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва мубориза бо ҷинояткорӣ аз кормандони милитсия масъулияти баланд, донишу таҷрибаи кофӣ, зиракии касбӣ ва садоқат ба Ватанро тақозо менамояд.

Итминон дорам, ки кормандону хизматчиёни мақомоти корҳои дохилӣ минбаъд низ бо ҳисси баланди масъулият, интизоми намунавӣ ва садоқат ба савганди хизматӣ дар роҳи ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, таъмини амнияти шаҳрвандон ва таҳкими сулҳу субот саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Бо истифода аз фурсат, бори дигар ҳамаи шуморо ба муносибати иди касбӣ табрик гуфта, ба ҳар яки шумо саломатии бардавом, хушбахтӣ, рӯзгори обод ва дар фаъолияти пуршарафи хизматиатон комёбиҳоро орзу менамоям.

Рӯзи кормандони милитсия муборак бошад!

Манбаъ: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе · dushanbe.tj