ДУШАНБЕ, 12.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо фаро расидани фасли зимистон талаботи аҳолӣ ба маҳсулоти консервашуда, аз ҷумла сабзавоту меваҳои дар шароити хона омодашуда, маҳсулоти бодирингӣ, занбурӯғҳои маринадшуда, гӯшт ва моҳии нигоҳдошташуда меафзояд. Дар баробари ин, риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ, технологияи дурусти коркарди ҳароратӣ, безараргардонии зарфҳо ва талаботи нигоҳдории маҳсулоти консервашуда метавонад боиси пайдоиши бемориҳои вазнини сироятӣ ва заҳролудшавии ғизоӣ гардад. Дар ин хусус директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд Султон Раҳмонзода чунин ибрози назар намудааст.
Яке аз бемориҳое, ки одамон дар натиҷаи заҳролудшавӣ ба он гирифтор мешаванд, ботулизм мебошад. Дар ҳолати сари вақт ташхис ва табобат нагардидан он метавонад сабаби оқибатҳои фоҷиабор, аз ҷумла фалаҷи мушакҳои нафаскашӣ ва фавти инсон гардад.
Ботулизм ва пайдоиши он
Ботулизм бемории ниҳоят вазнини заҳролудшавӣ мебошад, ки дар натиҷаи ба организми инсон ворид шудани заҳри махсус ба вуҷуд меояд. Ангезандаи беморӣ дар табиат, хок, об ва муҳити атроф паҳн шудааст. Спораҳои он ба баъзе маҳсулоти ғизоӣ, махсусан сабзавот, мева, занбурӯғ, гӯшт ва моҳӣ ворид шуда метавонанд.
Хусусияти хатарноки ин бактерия он аст, ки дар шароити набудани оксиген, муҳити камкислота ва шароити номувофиқи нигоҳдорӣ метавонад афзоиш ёфта, заҳри ботулинӣ ҳосил намояд. Маҳз чунин шароит дар баъзе маҳсулоти нодуруст консервашудаи хонагӣ, махсусан дар зарфҳои маҳкам басташуда ба вуҷуд омада метавонад.
Кадом маҳсулот бештар хавф доранд?
— Консерваҳои хонагии сабзавот, аз ҷумла бодиринг, помидор, қаламфури булғорӣ ва дигар сабзавоти камкислота.
— Занбурӯғҳои дар шароити хона консервашуда ва маринадшуда.
— Консерваҳои гӯштӣ ва моҳӣ.
— Моҳии хушк, дуддодашуда, намаккардашуда ва нодуруст нигоҳдошташуда.
— Маҳсулоти гуногуни хонагии дар зарфҳои герметикӣ маҳкамшуда, ки бо риоя накардани технологияи бехатари омодасозӣ истеҳсол шудаанд. Маҳсулоти зоҳиран солим низ метавонад дорои заҳри ботулинӣ бошад.
Нишонаҳои беморӣ
Ин беморӣ аз 12 то 36 соат пас аз истеъмоли маҳсулоти заҳролудшуда пайдо мешавад, аммо метавонад аз чанд соат то 8 рӯз низ дертар зоҳир гардад. Нишонаҳои аввалини беморӣ сустии умумии организм ва беҳолӣ, сарчархзанӣ ва дарди сар, хушкшавии даҳон, хирашавии чашм ва дуто дидани ашё, паст шудани пилки чашм, душвор шудани нутқ ва талаффузи калимаҳо, мушкилӣ ҳангоми фурӯ бурдани ғизо ва об ва дилбеҳузурӣ, қайкунӣ ва дар баъзе ҳолатҳо дарди шикам мебошанд.
Дар марҳилаҳои вазнин беморӣ метавонад боиси сустшавӣ ва фалаҷи мушакҳои бадан, аз ҷумла мушакҳои масъули нафаскашӣ гардад. Хусусияти муҳими ботулизм дар он аст, ки бемор метавонад бо вуҷуди заҳролудшавии шадид таб надошта бошад ва ҳушашро гум накунад. Аз ин рӯ, набояд пайдо нашудани табро нишонаи сабук будани вазъи бемор ҳисобид.
Таъсири манфӣ
Заҳри ботулинӣ ба системаи асаб таъсири манфӣ расонида, интиқоли импулсҳои асабро ба мушакҳо халалдор мекунад. Дар натиҷа мушакҳо қобилияти муқаррарии фаъолияти худро гум мекунанд. Агар заҳролудшавӣ шадид бошад, фаъолияти мушакҳои нафаскашӣ низ халалдор шуда, бемор метавонад ба ёрии нафасдиҳии сунъӣ эҳтиёҷ пайдо намояд.
Табобати беморӣ дар шароити муассисаи тиббӣ, бо истифодаи ҳарчи зудтари зардоби зиддиботулинӣ (антитоксин) ва дар ҳолатҳои зарурӣ чораҳои эҳёгарӣ амалӣ карда мешавад.
Роҳҳои пешгирии ин беморӣ
Барои пешгирии беморӣ ва ҳифзи саломатии худу аҳли оила риояи қоидаҳои зерин ҳатмӣ мебошад:
- Қоидаҳои дурусти консервабарориро риоя намоед.
Ҳангоми омода намудани консерваҳои хонагӣ танҳо аз усулҳои санҷидашуда ва тавсияҳои боэътимоди технологияи бехатари консервабарорӣ истифода баред. Барои маҳсулоти камкислота, аз ҷумла аксари сабзавот, истифодаи дастгоҳи махсуси консервабарорӣ таҳти фишор, мувофиқи дастурамали тасдиқшуда зарур аст. Ҷӯшонидани одии зарфҳо ё коркарди кӯтоҳмуддати ҳароратӣ барои нобуд кардани спораҳои ангезандаи ботулизм кофӣ нест.
- Ашёи хоми босифатро истифода баред.
Сабзавоту мева, занбӯруғ, гӯшт ва моҳӣ бояд тару тоза, босифат ва аз ифлосиҳо тоза бошанд. Маҳсулоти пӯсида, вайроншуда ва шубҳанокро барои консервабарорӣ истифода накунед.
- Зарфҳои консервабарориро бодиққат омода намоед.
Зарфҳои шишагӣ ва сарпӯшҳо бояд тоза ва мувофиқи технологияи муқарраршуда омода карда шаванд. Зарфҳои кафида, зангзада ё сарпӯшҳои вайроншударо истифода набаред.
- Технологияи туршонидан ва намакобро риоя намоед.
Ҳангоми омода кардани маҳсулоти маринадшуда миқдори сирко, намак ва дигар моддаҳои пешбинишуда бояд мувофиқи дастурамали санҷидашуда истифода шаванд. Миқдори онҳоро худсарона кам ё зиёд накунед.
- Маҳсулотро дар шароити мувофиқ нигоҳ доред.
Маҳсулоти консервашуда бояд тибқи талаботи технологӣ дар ҷойи мувофиқ, дур аз манбаъҳои гармӣ ва бо риояи муҳлати нигоҳдорӣ нигоҳ дошта шавад. Пас аз кушодани зарф маҳсулотро дар яхдон нигоҳ доред.
- Аз истеъмоли консерваҳои шубҳанок худдорӣ намоед.
Агар сарпӯши зарф варам карда бошад, маҳкамии он вайрон шуда бошад, маҳсулот кафк кунад, ихроҷ дошта бошад ё намуди ғайримуқаррарӣ пайдо намояд, онро истеъмол накунед. Аммо бояд дар хотир дошт, ки мавҷудияти заҳри ботулинӣ на ҳамеша бо тағйир ёфтани бӯй, ранг, мазза ва намуди зоҳирии маҳсулот муайян карда мешавад. Ҳатто як маротиба чашидани маҳсулоти шубҳанок метавонад барои заҳролудшавӣ кофӣ бошад!
- Ба маҳсулоти истеҳсоли саноатӣ низ аҳаммият диҳед.
Консерваҳоро аз нуқтаҳои савдои боэътимод харидорӣ намуда, ба тамғагузорӣ, муҳлати истифода, тамомияти бастабандӣ ва шароити нигоҳдории онҳо диққат диҳед.
Ёрии аввалин ба шахси бемор
Агар баъди истеъмоли консерваҳои хонагӣ ё дигар маҳсулоти ғизоӣ дар шахс нишонаҳои дар боло гуфташуда мушоҳида гарданд, фавран ба ёрии таъҷилии тиббӣ муроҷиат намоед. Беморро ҳарчи зудтар ба муассисаи тиббӣ интиқол диҳед ва ба табибон ҳатман дар бораи кадом маҳсулотро истеъмол кардааст ва кай онро хӯрдааст, маълумот диҳед. Инчунин боқимондаи маҳсулоти эҳтимол заҳролудшударо ҷудо нигоҳ дошта, бе иҷозати мутахассисон нобуд накунед. Маҳсулоти боқимондаро барои ташхиси лабораторӣ бо риояи талаботи бехатарӣ ба мутахассисони масъул пешниҳод намоед. То муайян шудани манбаи эҳтимолии заҳролудшавӣ истеъмоли ҳамон маҳсулотро қатъ намоед.
Дар хона ба худтабобаткунӣ машғул нашавед. Истифодаи доруҳо, антибиотикҳо ва дигар воситаҳо бе тавсияи табиб ҷойгузини табобати махсуси ботулизм шуда наметавонад.
Пешгирии ботулизм танҳо вазифаи кормандони соҳаи тандурустӣ набуда, масъулияти ҳар оила, истеҳсолкунанда, фурӯшанда ва истеъмолкунанда мебошад. Волидон бояд ба ғизои кӯдакон, маҳсулоти истифодашаванда ва шароити нигоҳдории онҳо диққати ҷиддӣ диҳанд. Ба кӯдакони то яксола асал додан манъ аст, зеро он метавонад манбаи спораҳои ангезандаи ботулизми кӯдакона гардад.
Аз роҳбарони бозору нуқтаҳои савдо, соҳибкорон ва шахсони масъули истеҳсолу фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ талаб карда мешавад, ки қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ, талаботи нигоҳдорӣ ва муҳлати истифодаи маҳсулотро қатъиян риоя намоянд.
АКС: Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд
Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj






