Шанбе, 14 ноябр 2026
Хабарҳо

Дар Вена Симпозиуми байналмилалӣ оид ба кафолатҳои АБНА (Symposium on International Safeguards 2026) баргузор гардид

Дар Вена Симпозиуми байналмилалӣ оид ба кафолатҳои АБНА (Symposium on International Safeguards 2026) баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 14.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 9 то 13 ноябр дар қароргоҳи Агентии байналмилалии неруи атомӣ (АБНА) дар шаҳри Венаи Ҷумҳурии Австрия Симпозиуми байналмилалӣ оид ба кафолатҳои АБНА (Symposium on International Safeguards 2026) таҳти унвони «Навоварӣ ва устуворӣ дар ҷаҳони тағйирёбанда — кафолатҳо ҳамчун масъулияти муштарак» баргузор гардид. Дар ин хусус аз Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.

Дар чорабинии байналмилалӣ директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Илҳом Мирсаидзода иштирок намуд.

Симпозиум намояндагони давлатҳои аъзои Агентии байналмилалии неруи атомӣ, созмонҳои байналмилалӣ, мақомоти миллии танзимкунанда, муассисаҳои пешрафтаи илмию таҳқиқотӣ, коршиносони соҳа ва намояндагони саноати ҳастаиро бо мақсади баррасии мушкилоти муосир ва дурнамои таҳкими низоми байналмилалии кафолатҳо, ки ба таъмини истифодаи истисноии осоиштаи мавод ва технологияҳои ҳастаӣ равона гардидааст, муттаҳид намуд.

Дар ҷаласаҳои умумӣ, муҳокимаҳои мавзуӣ ва бахшҳои техникии симпозиум ба масъалаҳои татбиқи технологияҳои инноватсионӣ, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, рақамикунонии равандҳои санҷиш ва назорати маводи ҳастаӣ, усулҳои муосири таҳлилӣ, робототехника ва низомҳои худкори назорат таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони байналмилалӣ якчанд мулоқоти дуҷониба доир намуд, ки ба дурнамои таъсиси Маркази минтақавии химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии ЭКСПО (CBRN Expo Center) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуданд.

АКС: Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj