Шанбе, 14 ноябр 2026
Хабарҳо

Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст

Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст

ДУШАНБЕ, 14.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти оморӣ, дар Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли равон масоҳати умумии хонаҳои истиқоматӣ 115,6 фоиз афзоиш ёфтааст.

Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2026 дар мамлакат 1158,0 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудаанд. Аз ин нишондиҳанда ба вилояти Хатлон 297,4 ҳазор метри мураббаъ (25,7 фоиз), вилояти Суғд – 427,4 ҳазор метри мураббаъ (36,9 фоиз), шаҳри Душанбе – 292,4 ҳазор метри мураббаъ (25,2 фоиз) ва ба шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  132,0 ҳазор метри мураббаъ (11,4 фоиз) рост меояд.

Рушди соҳаи сохтмон ба иқтисоди миллӣ низ таъсири мусбат расонд. Ин соҳа дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз нишондиҳандаҳои асосии пешрафти иқтисодӣ ва ободии мамлакат ба шумор меравад.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон таъкид намуданд, «дар даврони соҳибистиқлолӣ ба беш аз 1,4 миллион оила барои бунёди манзили истиқоматӣ замин ҷудо карда шуд. Яъне қариб 9 миллион шаҳрвандони мо имконият пайдо карданд, ки шароити истиқоматии худро беҳтар намоянд».

 АКС аз бойгонӣ

Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj