ДУШАНБЕ, 19.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Таҷлили ҷашни мубораки 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар мамлакати нозанину биҳиштосоямон бо шукуҳи хосса ҷамъбаст гардид. Чунин тантанаҳои пуршукуҳу дурахшонро бо иштироки кулли мардум дар тамоми навоҳии кишвар аз ин пеш, ҳатто дар замони шуравӣ ҳам, надида будем. Бояд гуфт, ки миллати мо, халқи заҳматпарвару ватандӯсти Тоҷикистон ҳуқуқи сазовор доштанд, то чунин иди пуршукуҳ баргузор намоянд, зеро давоми 35 соли соҳибистиқлолӣ он қадар пирӯзиҳо, дастовардҳои шоиста, бунёдкориҳои беназир, ободонию шукуфоӣ ва сарсабзиҳо ба даст оварда шуданд, ки дар таърих назир надоранд ва хусусан дар 70 соли замони собиқ онро танҳо орзу карда метавонистем.
— Далелҳо барои исботи ин гуфтаҳо хеле зиёданд. Танҳо ҳамин бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун», ин азамати беназири аср, ки ҳукумати шуравӣ бо ҳама қудрат ба нақша гирифту натавонист ба анҷом расонад ё танҳо ҳамин бунёди нақби ағбаи Анзоб, ки низ дар даврони шуравӣ оғоз ёфту ривоҷ надид ва афсонае буд, ки амалӣ гардид, гувоҳи онанд, ки истиқлол, озодии кишвар ва муҳаббати халқи тоҷик ба Ватан чӣ неруе дорад.
Бунёди роҳҳои байналмилалӣ, аз ҷумла шоҳроҳи азими Қулма–Чаноқ, бунёди нақбҳои бузург, ки давлати моро аз бунбасти коммуникатсионӣ бароварданд; ин бунёдкориҳое, ки дурдасттарин гӯшаҳои кишвари моро ободу гулафшону сарсабзу зебо гардониданд; ин ҳама қасрҳои сарбафалаккашида ва иморатҳои афсонавӣ маҳз дар ҳамин даврони 35 соли Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бо шарофати ваҳдату ягонагӣ, руҳияи баланди миллӣ ва ватандӯстонаи халқ, сарварии оқилонаву дурбинонаи Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардиданд.
Мо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон додем, ки халқи соҳибтамаддуни тоҷик ва сарзамини таърихии он имрӯз низ ба пирӯзиҳои нав ба нав, пешрафту созандагӣ, фароҳам овардани муҳити солими зиндагӣ дар ҳама соҳаҳои ҳаёт ва маънавиёти бузург қодиранд.
Аз ҳамон рӯзе, ки таҳти шиори «Ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон» ин бунёдкориҳо оғоз гардиданд, як ҳаракат, як талош, як мусобиқаи бисёр фидокорона дар байни шаҳру деҳоти кишвари мо оғоз ёфт. Дар кӯтоҳтарин муддат аз пойтахти Ватанамон — шаҳри Душанбе то дурдасттарин шаҳраку ноҳияи кишвар ба куллӣ симои худро дигар карданд, дар деҳаю маҳаллаҳо иморатҳои нави замонавӣ, мактабу шифохонаҳо бо ҳама шароиту таҷҳизоти зарурӣ, марказҳои маъмурӣ, қасрҳои фарҳангию варзишгоҳҳои замонавӣ бунёд гардиданд.
Хусусан, яке аз падидаҳои дурахшон бунёди корхонаҳои саноатӣ дар ҷумҳурӣ гардид, ки ҳоло аксарашон маҳсулоти аълосифати худро на танҳо дар дохили кишвар мавриди истифода қарор додаанд, балки ба берун аз он ҳам содирот мекунанд. Мардуми кишвари мо бо дарки баланди моҳияти истиқлолияти давлатӣ аз имконияти фароҳамовардаи он хеле самаранок истифода мебаранд.
Таҳти шиори «Ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон» азми бунёдкориву созандагию навовариҳо, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои маънавии ҳаёти кишвар назаррас гардид. Дар асоси эҳёи наҷибтарин маросиму суннатҳои миллиамон мо шоҳиди эҳёи нави маънавиёти мамлакат гардидем. Хусусан, дар соҳаи илму маориф, тандурустӣ, эҳёи ҳунарҳои миллӣ, фарҳанги беназири миллӣ, одобу анъана ва симои миллии мо дурахши намоёни пешрафт мушоҳида мешавад.
Дар ҳамин даврони омодагӣ ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар кишвар дар соҳаи маориф 4300 ва дар соҳаи тандурустӣ 2200 иншооти нав сохта, ба истифода дода шуданд.
Такя ба илму фарҳанг ва забони миллӣ, хусусан ташкилу таҷлили бузургдоштҳои абармардону нобиғагони гузаштаи миллатамон; эҳёи расму русуми миллӣ, хусусан, ҷашнҳое, ки ба симои маънавии миллатамон дурахши тоза бахшиданд, амсоли Наврӯзу Сада, Меҳргону Тиргон на танҳо раҳнамои худшиносии мардуми мо, хусусан ҷавонон шуданд, балки симои миллии моро чун миллати фарҳангсиришту тамаддунпарвар ба ҷаҳониён муаррифӣ намуданд.
Метавон аз иқдомҳои беназири Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар мамлакат ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ ёдовар шуд, ки асоси ҳастии ҳам маънавию ҳам ҷисмонии халқу кишвари моро чандин карат тақвият додаву ба он неруи тоза бахшиданд.
Рӯйхати пирӯзиҳою дастовардҳоро метавон хеле идома дод ва агар ҳар дастовардро мушаххастар ном барем, он гоҳ соатҳо бояд, ки онҳоро шарҳ диҳем. Ба андешаи мо, бузургтарину асоситарин дастоварди миллати мо дар 35 соли Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ҳамин ваҳдати миллӣ ва ягонагии миллатамон аст, ки бе ин ягон миллат наметавонад ба ҷойе бирасад. Омодагии дастҷамъона, ҷоннисории ҳамагонии халқи тоҷик ба муносибати ҷашни сиюпанҷсолагӣ ва таҷлили он бо иштироки ватандӯстонаю пур аз муҳаббати хурду бузурги халқамон бузургтарин пирӯзӣ ва дастоварди миллии мо мебошад.
Бори дигар таъкид бояд кард, ки чунин таҷлили бошукуҳ ва беназир бо иштироки ҳама сокинони мамлакат рухдоди беназире дар замони мост, ки инро ҳамаи меҳмонони хориҷӣ низ баён доштанд. Ва аз ҳама дурахшонтарину муҳимтарин падида дар ҷамъбасти ин тантана он буд, ки Пешвои муаззами миллатамон эълон доштанд, ки акнун марҳилаи нави омодагиву созандагиву бунёдкорӣ дар мамлакат ба муносибаи 40-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон оғоз меёбад. Яъне, ин тантанаи бошукуҳи ҷашни 35-солагӣ маънои ҷамъбасти созандагиҳоро надорад, балки баръакс, моро руҳбаланд мекунад ва имкон медиҳад, ки омодагиамонро ба истиқболи ҷашну тантанаҳои дигар дар радифи бунёдкорию созандагиҳоямон идома диҳем.
Ҳоло дар мамлакат рӯзе нест, ки хушхабари аз ҷониби Пешвои миллатамон ифтитоҳ ёфтани бунёдкории нав, корхонаю муассисаи нав, хусусан корхонаҳои нав ба нави саноатиро нашунавем. Воқеан мо шоҳиди эҳёи навини ин сарзамини биҳиштиамон ҳастем.
Яъне, метавон умедвор шуд, ки Тоҷикистони мо бо ҷаҳду муҳаббати ватандӯстонаи сокинонаш боз ҳам ободтару зеботару барнотар мегардад ва воқеан ин сарзамини зебо ба биҳишти рӯйи ҷаҳон табдил меёбад. Ҳосили омодагию созандагии панҷ соли гузаштаро дида, барои амалӣ шудани нақшаи ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон- ин нияти поку баланд шубҳае дар дилҳо намемонад.
БО МУҲАББАТ, БО САХО, БО СУЛҲ
Тоҷикистон сарзамини нусрату шодист,
Дар ҳавои беғубораш файзи ободист,
Дар лаби ҳар рӯди поки ӯ суруди ишқ,
Дар лаби ҳар барги сабзаш пайки озодист
Ҷаннати пояндаи дунё замини мост!
Тоҷикистон аввалину охирини мост!
Ҳар дарахте аз саховат достон дорад,
Ғижжаки оби равонаш савти ҷон дорад,
Остонаш остони родмардиҳост,
Файзу фар аз остон то осмон дорад.
Ишқ, танҳо ишқ рӯяд дар чаманзораш,
Накҳати шодӣ биёрад субҳи бедораш,
Эй Ватан, ҷонам фидои ҳар гули хорат
Ханда коранд, ишқ мерӯяд ба гулзорат,
Пайки озодӣ барад ҳар рӯди бедорат,
Дар раҳи некӣ Худо ёрат, Худо ёрат!
Дар дифоят, эй Ватан, бо чашми бедорем,
Ҷон бубахшемат, Ватан, чун бо ту подорем!
Ҳар гулу нахли ту, Меҳан, пайкари шодист,
Ҳар навои обшорат савти озодист.
Мерасад акси садо аз кӯҳсоронат:
Баҳри ҳифзи меҳани худ зист бояд, зист!
Носуруда розҳо дорад гулу хокат,
Бахт ҷавлон мезанад дар авҷи афлокат!
Ин сафо, ин меҳр файзи сарзамини мост,
Ин саодат дар диёри нозанини мост.
Бахту истиқлол дар нури ҷабини мост,
Файзу нусрат дар фарози остини мост.
Тоҷикистон, сарзамини нангу ори мост!
Тоҷикистон меҳани бахту барори мост!
Дӯстиву сулҳу амният мароми мост
Ҳуҷҷати инсонии мо ассаломи мост,
Обрӯву қадри мо аз эҳтироми мост.
Файзу нуру меҳри олам дар каломи мост.
Бо муҳаббат, бо сахо, бо сулҳ подор аст,
Миллате, ки бо накӯёни ҷаҳон ёр аст.
Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон,
ходими адабии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj






