image

Ҳамоиш доир ба пардохтҳои ғайринақдӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон

date_range27.09.2024, 11:27 chat_bubble_outline0 remove_red_eye109

Гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ талаботи аҳолиро ба пули нақд коҳиш дода, навбатпоиро дар назди банкоматҳо ва хазинаҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ барои гирифтани пули нақд аз байн мебарад ва боиси сарфаи вақту хароҷоти иловагии аҳолӣ мегардад. Ғайринақдӣ гардондани раванди пардохтҳо аҳамияти муҳими иқтисодӣ дошта, истифодаи воситаҳои пардохти ғайринақдӣ ҳангоми анҷом додани пардохти хизматрасониҳои давлатӣ ин равандро осон ва мувофиқ мегардонад. Ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ – пардохтҳое мебошад, ки бе истифодаи пули нақд бо роҳи истифодаи чек, кортҳои пардохтии бонкӣ ва дигар воситаҳои электронии пардохтӣ, супоришномаҳои пардохтӣ тавассути пулҳои электронӣ ва ҳамёнҳои электронӣ анҷом дода мешаванд.

Дар робита ба ин дар шаҳри Душанбе чораву тадбирҳои судманд мунтазам амалӣ карда мешавад. Ин навбат бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади амали намудани дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва Қарори Раиси шаҳри Душанбе “Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ” машварати омӯзишӣ доир гардид.

Дар оғоз муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Икромӣ Сироҷиддин Салом ва муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдурахмонзода Абдурахмон Сафаралӣ дар робита ба фаъолияти тарғиботию фаҳмондадиҳӣ оид ба муҳтаво ва муҳимияти ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва фаъолияти волонтёрӣ дар бонкҳои давлатию ғайридавлатии ҳудуди шаҳри Душанбе суханронӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ барномаи “Пардохти ҳушманд (Smart Pay)” ба фаъолият оғоз намуда, ҷиҳати қабул ва пардохти хизматрасониҳои муздноки давлатӣ ПОС- терминалҳо насб гардида, барои идомаи корҳо дар ин самт чораҳои зурурӣ андешида шуда истодааст.

Инчунин, дар доираи дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ҷиҳати пардохти тамоми хизматрасониҳои муздноки давлатӣ тавассути замимаҳои мобилии QR-рамзҳо ва ҳамёнҳои электронӣ шароити зарурӣ мфароҳам оварда шудааст. Дар ин замина рақамикунонии зиёда аз 3 ҳазор номгуйи хизматрасониҳо дар муассиса ва ташкилотҳо тибқи хусусияти фаъолият ва коргузории онҳо анҷом ёфта, дар марҳилаҳои баъдӣ фаъол намудани портали ягонаи пардохти хизматрасониҳои давлатӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар баромади масъулин қайд гардид, ки иқдоми мазкур саривақтӣ буда, пеш аз ҳама, барои таъмини шаффофияти амалиётҳои молиявӣ, ғанӣ гардондани буҷети давлатӣ, пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва коҳиш додани таъсири омилҳои инсонӣ заминаи мустаҳкам гузошта, барои баланд бардоштани рейтинги байналмилалии кишвар ва ҷалби сармояи хориҷӣ шароити мусоид фароҳам меоварад.

Дар идома мутахассисони соҳавии бонкҳои ҳудуди шаҳри Душанбе да робита ба "Рақамикунонии пардохтҳо: моҳияти ва бартариятҳои он", "Ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ", "Муҳтаво ва муҳимияти ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ", "Баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ" ва "Саҳми волонтёрон дар самти вусъат бахшидани ҳисоббаробаркунии молиявӣ дар шаҳри Душанбе" рунамоиҳо ва маърӯзаҳо пешниҳод карданд.

Дар фарҷом иштирокчиёни ба саволҳои худ посух гирифтанд ва тасмим гирифта шуд, ки волонтёрон дар самти вусъат бахшидани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва баланд бардоштани савияи дониши молиявии аҳолӣ тавасути ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ саҳми арзандаи хешро мегузоранд.

Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"