Яке аз намунаҳои барҷастаи пайванди маънавӣ, дӯстии ду чеҳраи бузурги адабиёти Шарқ -Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ мебошад, ки бо осори гаронбаҳо ва муносибатҳои самимии худ дар таърих номи нек гузоштаанд. Дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бахшида ба нахустнамоиши филми бадеии таърихии «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» нишасти хабарӣ баргузор гардид.
Манбаъ: Шабакаи YouTube-и «ТВ Душанбе» · YouTube




