НИШАСТИ МАТБУОТИИ КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИОИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРГУЗОР ШУД
6 июл дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти нимсолаи якуми соли 2026 баргузор гардид.
Дар нишасти матбуотӣ раиси Кумита Саидзода Носир Озод, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони раиси Кумита, кормандони дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони воҳидҳои сохторӣ иштирок намуданд.
Нахуст, котиби матбуотии Кумита ҳайати роҳбариятро ба рӯзноманигорон муаррифӣ намуд. Сипас, сухан ба раиси Кумита дода шуд. Бо дарназардошти он ки варақаи матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти нимсолаи якуми соли 2026 пешакӣ нашр гардида буд, нишасти матбуотӣ асосан дар шакли суолу ҷавоб идома ёфт.
Суоли нахустро рӯзноманигори телевизиони «Ҷаҳоннамо» вобаста ба истифодаи зеҳни сунъӣ дар раванди таҳия ва пахши барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ пешниҳод намуд.
Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни посух таъкид намуд, ки истифодаи технологияҳои муосир, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, яке аз самтҳои муҳими рушди соҳа ба ҳисоб меравад. Ба гуфтаи ӯ, имрӯз зеҳни сунъӣ дар таҳияи матнҳои барномавӣ, тарҷума, омодасозии зернависҳо, коркарди муҳтавои иттилоотӣ, инчунин баланд бардоштани самаранокии фаъолияти эҷодию техникӣ тадриҷан мавриди истифода қарор гирифта, ба суръат бахшидан ба раванди истеҳсоли барномаҳо ва беҳтар намудани сифати маҳсулоти телевизионӣ ва радиоӣ мусоидат менамояд.
Намояндаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» вобаста ба раванди иҷрои дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъсиси телевизиони забонҳои хориҷӣ (забономӯзӣ) суол пешниҳод намуд. Дар посух иттилоъ дода шуд, ки корҳои омодагӣ ҷиҳати таъсиси телевизиони мазкур тибқи нақша идома дошта, масъалаҳои ташкилию техникӣ марҳила ба марҳила баррасӣ мегарданд. Зикр шуд, ки тибқи нақша, телевизиони нав то охири соли ҷорӣ ба фаъолият оғоз менамояд.
Ба суоли рӯзноманигори телевизиони «Синамо» вобаста ба лоиҳа ва барномаҳои нави телевизионӣ иттилоъ дода шуд, ки дар нимсолаи аввали соли 2026 дар шабакаҳои телевизионӣ ва радиоии давлатӣ як қатор лоиҳаҳои нави эҷодӣ роҳандозӣ гардиданд. Аз ҷумла, Телевизиони Тоҷикистон 12 лоиҳаи нав, аз ҷумла эҳёи барномаи «Лаҳзаҳои гуворо»-ро пешниҳод намуд. Телевизиони «Сафина» 10, Телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» 10, Телевизиони «Илм ва табиат» 9, Телевизиони «Баҳористон» 7, Телевизиони «Хатлон» 5 ва Телевизиони «Суғд» 2 лоиҳаи нави телевизионӣ ба роҳ монданд. Дар баробари ин, дар шабакаҳои радиоии давлатӣ низ як қатор барномаҳои нав роҳандозӣ шуданд. Аз ҷумла, Радиои Тоҷикистон 12, Радиои «Фарҳанг» 11, Радиои «Садои Душанбе» 5 ва Радиои «Овози тоҷик» 5 лоиҳаи нави радиоиро манзури шунавандагон гардониданд.
Рӯзноманигор Лидия Исамова вобаста ба иштироки филмҳои таҳиянамудаи муассисаҳои тобеи Кумита дар фестивалҳои байналмилалӣ суол дод. Дар посух таъкид гардид, ки филмҳои истеҳсоли муассисаҳои телевизионӣ пайваста дар фестивалҳои байналмилалӣ иштирок намуда, ба гирифтани ҷоизаҳои гуногун ноил мегарданд. Аз ҷумла, филми мустанади «Шоҳи қуллаҳо», ки аз ҷониби телевизиони «Сафина» таҳия шудааст, дар Фестивали байналмилалии синамои экологии «Astana Eco Film Festival – 2026» сазовори ҷоизаи «Best Impact Storytelling Award» гардид. Зикр шуд, ки дар оянда Кумита тасмим дорад дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фестивали байналмилалии филмҳоро ташкил намуда, филмсозону намояндагони кишварҳои хориҷиро ба он ҷалб намояд.
Дар посух ба рӯзноманигори радиои «Садои Душанбе» вобаста ба оғози фаъолияти радиои «Сафина», директори телевизиони «Сафина» иттилоъ дод, ки корҳои омодагӣ анҷом ёфта, тибқи нақша радиои «Сафина» дар даҳаи дуюми моҳи августи соли ҷорӣ ба фаъолият оғоз хоҳад кард.
Инчунин вобаста ба суоли рӯзноманигори «Азия-Плюс» вобаста ба фаъолияти Муассисаи давлатии «Маркази ягонаи реклама», қайд карда шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ Маркази ягонаи реклама дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, фаъолияти худро оғоз намудааст. Таъсиси он ба танзими фаъолияти реклама, таъмини шаффофият, риояи меъёрҳои қонунгузорӣ ва баланд бардоштани самаранокии мазмуну муҳтавои рекламаҳои шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ мусоидат менамояд. Айни ҳол ҳамаи рекламаҳо тавассути ин марказ қабул ва барои пахш ба шабакаҳо пешниҳод мегарданд.
Дар идомаи нишасти матбуотӣ вобаста ба татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» иттилоъ дода шуд, ки барномаи мазкур пурра ҷамъбаст гардид. Зикр шуд, ки татбиқи самараноки барномаи мазкур дар рушди соҳа таъсири назаррас гузошта, махсусан фаъолияти телевизионҳои минтақавиро тақвият бахшид. Дар доираи барнома заминаи моддиву техникӣ беҳтар гардида, имкониятҳои эҷодиву истеҳсолии шабакаҳо густариш ёфт ва сатҳи сифати барномаҳо ба маротиб баланд гардид. Раиси Кумита таъкид намуд, ки натиҷаҳои бадастомада барои марҳилаҳои минбаъдаи рушди воситаҳои ахбори омма заминаи устувор фароҳам оварда, ба густариши фазои иттилоотии кишвар мусоидат менамоянд.
Иттилоъ дода шуд, ки истеҳсоли сериалҳои миллӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Кумита ба шумор меравад, махсусан дар доираи фаъолияти телевизиони «Синамо». Зикр шуд, ки дар ин самт аллакай корҳои амалӣ оғоз гардидаанд. Аз ҷумла, дар давраи ҳисоботӣ бори нахуст силсилафилми ҳунарии «Неруи ишқ», ки ба корнамоии қаҳрамонони Неругоҳи барқии обии «Роғун» бахшида шудааст, аз ҷониби телевизиони «Синамо» таҳия ва мазури тамошобинон гардид.
Вобаста ба ҳамкориҳои байналмилалии Кумита зикр шуд, ки дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин байни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Медиакорпоратсияи Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид. Ин санад барои густариши ҳамкориҳо дар самти табодули барномаҳо, истеҳсоли филмҳои муштарак, омӯзиши кадрҳо ва татбиқи технологияҳои муосири телевизионӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
Дар ин давра инчунин мулоқоти роҳбарияти Кумита бо сафирон ва намояндагони Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷопон, Агентии ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии Туркия (ТИКА), намояндагони Медиакорпоратсияи Чин ва дигар шарикони байналмилалӣ баргузор гардида, масъалаҳои рушди ҳамкориҳо, табодули таҷриба, омода намудани филмҳои муштарак, такмили ихтисоси кормандон ва татбиқи лоиҳаҳои нави соҳавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ҷамъбасти нишасти матбуотӣ таъкид гардид, ки Айни ҳол, дар мамлакат 107 шабакаи давлативу хусусии телевизиону радио ва студияҳои истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ, аз ҷумла 15 телевизиону 10 радиои давлатӣ, 16 телевизиони хусусӣ, 17 телевизиони ноқилӣ, 5 телевизиони IP (Ай Пї), 25 радиои хусусӣ ва 19 студияи истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ фаъолият доранд.
Кумита минбаъд низ фаъолияти худро ҷиҳати такмили муҳтавои барномаҳо, навсозии инфрасохтори соҳа, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва баланд бардоштани сифати пахши барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, аз ҷумла тавассути пахши моҳвораӣ, идома хоҳад дод.
Дар умум аз ҷониби намояндагони воситаҳои ахбори омма наздик ба 20 суол вобаста ба самтҳои гуногуни фаъолияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Раиси Кумита ба ҳамаи суолҳои матраҳшуда посухҳои муфассал ва қонеъкунанда дод.
Шоҳҷаҳон АБДУРАҲМОНЗОДА,
Котиби матбуотии Кумита
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ