image

Идомаи корҳои созандагӣ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе

date_range09.07.2026, 13:35 chat_bubble_outline0 remove_red_eye3

Дар партави сиёсати бунёдкоронаву созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои беназири Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ - 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву бунёдкорӣ дар пойтахт вусъати тоза мегиранд. 

Дар ҳамин асно, имрӯз муовини Раиси шаҳри Душанбе Меҳриддин Тоҳирзода ва Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Сафар Маҳмадшо ҷиҳати назорати сифати корҳо аз раванди таъмиру азнавсозии роҳи маҳаллаи “Соҳибкорон”-и ноҳия боздид ба амал овардан. Ин боздиди корӣ нишонаи барҷастаи таваҷҷуҳи хосса ба рушди инфрасохтори шаҳр ва ҳавасмандгардонии сокинон дар раванди созандагиву бунёдкорӣ мебошад.

Дар маҳаллаҳои ноҳия аллакай 10 километр роҳ бо паҳноии 8 метр мумфарш карда шудааст. Аз ҷумла имрӯз дар маҳаллаи "Соҳибкорон"-и ноҳия 2 км роҳ бо саҳми Вакили маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе Обидзода Обидҷон бо сифати аъло мумфарш гардид. Инчунин дар назар аст, ки дар рӯзҳои наздик боз 2 км роҳи дигар дар маҳаллаи номбурда мумфарш карда мешавад. Дар ҷараёни шиносоӣ бо корҳои ободонӣ Раиси ноҳия қайд намуд, ки обод кардани ҳар як гӯшаи диёр қарзи ватандӯстии ҳар як фард буда, иқдоми дастҷамъонаи сокинони саховатпеша дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ намунаи олии ваҳдат ва созандагист. 

Маҳз бо ҳамин руҳияи созанда ва дастгирии шаҳрвандон симои ноҳия дигаргун гардида, итминон дорем ҷашни муқаддас - 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастовезҳои арзанда истиқбол гирифта мешавад.

Иштироки фаъоли Раиси ноҳия дар иқдомҳои созандагиву бунёдкорӣ собит месозад, ки сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо низоми муайян амалӣ шуда, дар саросари пойтахт руҳияи ободонӣ ҳукмфармост. Мумфарш шудани ин роҳи мошингард, ки орзуи деринаи бошандагони маҳаллаи “Соҳибкорон” буд, шаҳодати он аст, ки ҳар як кӯчаву маҳаллаи шаҳр таҳти таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти давлату Ҳукумат ва мақомоти иҷроия қарор дошта, ҳадафи асосии ин тадбирҳо таъмини шароити арзанда ва зиндагии шоиста барои ҳар як сокини пойтахт мебошад.