ИҶЛОСИЯИ ШАШУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ, ДАЪВАТИ ҲАФТУМ
Имрӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе муҳтарам Умед Гурезода иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид.
Дар кори иҷлосия муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ, роҳбарони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, имомхатибон, раисони минтақаву маҳаллаҳо, роҳбарони марказҳои савдо ва хизматрасонӣ ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Дар ҷараёни иҷлосия масъалаҳои натиҷаҳои фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар нимсолаи якуми соли 2026, ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар моҳҳои январ–июни соли 2026 ва масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.
Аз рӯйи масъалаи ҷамъбасти фаъолияти нимсолаи якуми соли 2026 муовини якуми Раиси ноҳия Беҳрӯз Искандарзода маърӯза намуда, иброз дошт, ки дар натиҷаи татбиқи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ натиҷаҳои назаррас ба даст овардааст.
Таъкид гардид, ки ба истиқболи ҷашни бошукуҳи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳия як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ, маориф, тандурустӣ ва хизматрасонӣ бунёд ва мавриди истифода қарор гирифта, нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ пурра ва бо сифати баланд иҷро гардидааст.
Вобаста ба масъалаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар моҳҳои январ–июни соли 2026 муовини Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Шарифзода Бахтиёр суханронӣ намуда, қайд кард, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ нишондиҳандаҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия мусбат арзёбӣ гардида, дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, сохтмон, хизматрасонӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, маориф, тандурустӣ ва дигар бахшҳо пешрафти назаррас ба даст омадааст.
Дар муҳокимаи масъалаҳо таваҷҷуҳи махсус ба беҳтар намудани фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, тақвияти корҳои тарбиявӣ ва баланд бардоштани масъулияти роҳбарону кормандони соҳа зоҳир гардида, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Ҳамзамон масъалаҳои пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва амалҳои коррупсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, таъкид гардид, ки ҳамаи роҳбарону кормандони мақомоти давлатӣ ва муассисаҳо бояд фаъолияти худро дар асоси талаботи қонунгузорӣ, бо риояи принсипҳои шаффофият, масъулиятшиносӣ ва поквиҷдонӣ ба роҳ монанд.
Дар иҷлосия инчунин масъалаҳои рушди соҳаҳои кишоварзӣ, саноат ва хоҷагии манзилию коммуналӣ баррасӣ гардида, барои вусъат бахшидани кишти такрорӣ, истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифат ба масъулини дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Раиси ноҳияи Сино муҳтарам Умед Гурезода ҷиҳати пешгирии ҳама гуна қарздорӣ ва пардохтҳои ба буҷет вобастабуда, инчунин таъмини иҷрои саривақтии уҳдадориҳои молиявӣ ба роҳбарони сохторҳои дахлдор супоришҳои қатъӣ дод.
Ҳамзамон дар иҷлосия масъалаҳои беҳтар намудани вазъи санитариву экологии ноҳия, сари вақт ҷамъоварӣ ва баровардани партовҳои сахти маишӣ, инчунин татбиқи босамари лоиҳаи пилотии низоми пардохти ягонаи хизматрасониҳои коммуналӣ, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе дар ҳудуди ноҳияи Сино амалӣ гардида истодааст, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ба роҳбарони сохторҳои дахлдор ҷиҳати тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои коммуналӣ ва таъмини иҷрои босифати лоиҳаи мазкур дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Инчунин, бо мақсади таъмини риояи талаботи қонунгузории шаҳрсозӣ ва иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе, ба сохторҳои масъули соҳаи меъморӣ ва сохтмони ноҳия супориш дода шуд, ки назорати қатъиро аз болои пешгирии сохтмонҳои ғайриқонунӣ пурзӯр намуда, нисбат ба ҳолатҳои қонуншиканӣ чораҳои фаврӣ ва қонунӣ андешанд.
Дар баробари ин, ба муассисаҳои коммуналӣ ва корхонаҳои партовбарорӣ дастур дода шуд, ки ҷамъоварӣ ва баровардани партовҳои сахти маиширо сари вақт ба роҳ монда, муроҷиатҳои шаҳрвандон вобаста ба масъалаҳои тозагии муҳити зистро саривақт баррасӣ ва ҳал намоянд, то сатҳи ободонӣ ва фарҳанги шаҳрнишинӣ дар ҳудуди ноҳия боз ҳам беҳтар гардад.
Дар идома масъалаҳои таҳкими оила, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни наврасону ҷавонон ва пешгирии ҷинояткорӣ дар байни онҳо мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Ба шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино, бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, мақомоти дахлдори ҳифзи ҳуқуқ, муассисаҳои таълимӣ ва дигар сохторҳои марбута дастур дода шуд, ки корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳиро боз ҳам густариш дода, барои ҳифзи арзишҳои оиладорӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон ва пешгирии омилҳои номатлуб тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.
Ҳамчунин ба муассисаҳои фарҳангӣ, Муассисаи давлатии "Ҳунарҳои мардумӣ" ва дигар сохторҳои дахлдор супориш дода шуд, ки барои эҳё ва рушди ҳунарҳои миллӣ, аз ҷумла оҳангарӣ, чӯбтарошӣ, кандакорӣ ва дигар касбу ҳунарҳои мардумӣ тадбирҳои муассир андешида, ба ҷалби бештари ҷавонон ба омӯзиши ин ҳунарҳо мусоидат намоянд.
Дар анҷоми иҷлосия як қатор қарорҳои Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мавриди баррасии вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия қарор гирифта, баъди муҳокима бо ҷонибдории вакилон тасдиқ гардиданд. Ба масъулини тамоми сохторҳои дахлдор барои иҷрои босифат ва саривақтии вазифаҳои муайянгардида дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ