ИҶЛОСИЯИ ШАШУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ, ДАЪВАТИ ҲАФТУМ
Имрӯз, дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум, таҳти роҳбарии Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Сафарзода Дилшод Ғанӣ доир гардид.
Иҷлосия бо иштироки Раиси ноҳияи Фирдавсӣ, муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, мудирони шуъба ва бахшҳои дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроия, масъулони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, директорони муассисаҳои таълимӣ, мудирони муассисаҳои томактабӣ, раисони маҳаллаҳо, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва намояндагони васоити ахбори омма баргузор шуд.
Нахуст, Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Сафарзода Дилшод Ғанӣ ба кори иҷлосия ҳусни оғоз бахшида, бо қироат гардидани суруди миллӣ аз ҷониби иштирокдорон маҷлис ба кори худ шуруъ намуд. Пас аз интихоби котибот, ҳайати таҳририя ва регламенти кори иҷлосия, вакилон рӯзномаи кори онро тасдиқ намуданд, ки ба он 10 масъала, аз ҷумла, гузориши муовини Раиси нохияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар бораи татбиқи «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» ва рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Фирдавсии шаҳри Душанбе дар ин соха, гузориши муовини Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар бораи татбиқи «Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» ва рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар ин самт», гузориши муовини Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар бораи татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар ин соҳа, ҳисоботи муовини Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе «Дар бораи чамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар нимсолаи аввали соли 2026 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюм», гузориши раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе оид ба ҳамкорӣ бо мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, воситаҳои ахбори омма, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятию динӣ, гузориши раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе оид ба назорати риояи дастури маҷлиси вакилони халқ «Дар бораи санҷиши фаъолияти вакилони маҷлиси вакилони халқ ва воҳидҳои сохтории зертобеъ дар самти иҷрои уҳдадориҳои соҳавӣ ва рафти иҷрои супоришҳои додашуда оид ба таҷлили сазовор аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ гардиданд.
Дар иртибот ба масъалаҳои дигари рӯзномаи маҷлис муҳокимаву андешаҳо баён гардида, қарорҳои дахлдор қабул шуданд.
Дар рафти маҷлис Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе вобаста ба таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баргузории чорабиниҳои сиёсӣ дар ҳудуди ноҳия ба муовини якум, муовинони раис ва раисони шаҳраку маҳалҳо супориш доданд, ки мунтазам дар тамоми шаҳраку маҳалла, корхонаву муассисаҳои давлативу ҷамъиятӣ шанбегиҳо ташкил намуда, ҷиҳати таъмини тозагиву ободӣ, сарсабзиву хуррамӣ, тақвияти корҳои созандагиву бунёдкорӣ чораҳои мушаххасу амалӣ андешанд.
Ҳамзамон, гуфта шуд, ки вакилон ҷиҳати иҷрои ваколатҳои худ дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тадбирандешӣ намоянд ва ҷиҳати гузаронидани вохӯрию суҳбатҳо бо интихобкунандагон барои вусъат бахшидани корҳои созандагию бунёдкорӣ, тарғиби фарҳанги шаҳрнишинӣ ва ташаббускории худи вакилон дар ободонию пешравии кӯчаю маҳал ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузор бошанд.
Бо ҳамин иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум кори худро анҷом дод.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон




Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ