ҲАМОИШИ ҶАВОНОНИ СОҲАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Имрӯз, 15 июл, дар бинои Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе, вобаста ба сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши ҷавонони соҳаи телевизион ва радио баргузор гардид.
Нахуст, муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Шабнам Карим, муовини якуми Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимзода Зоҳир Олим, муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соҳибзода Барно Нозир, Роҳбари дастгоҳи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Турсунзода Раҷабалӣ, Директори Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе Маъруфҷон Оқилзода ва намояндагони ҷавони соҳа аз фаъолияти эҷодӣ, таҷҳизоти муосир ва шароити кории кормандон боздид ба амал оварданд.
Сипас, дар толори маҷлисгоҳи муассиса ҳамоиши ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Дар оғози ҳамоиш намояндаи роҳбарияти соҳа суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба марҳилаи нави рушди устувор ворид гардида, нуфузу эътибори он дар арсаи байналмилалӣ пайваста боло меравад.
Қайд гардид, ки Истиқлолияти давлатӣ барои миллати тоҷик дастоварди бузурги таърихӣ буда, барои рушду пешрафти тамоми соҳаҳо, аз ҷумла соҳаи телевизион ва радио, заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Таъкид шуд, ки кормандони ҷавони соҳаи телевизион ва радио бояд дар тарғибу ташвиқи арзишҳои миллӣ, худшиносии миллӣ ва дастовардҳои даврони истиқлол нақши муассир дошта бошанд. Зеро воситаҳои ахбори омма яке аз воситаҳои муҳим дар ташаккули афкори ҷомеа маҳсуб меёбанд.
Сипас, муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Шабнам Карим, зимни баромади худ доир ба сиёсати давлатии ҷавонон суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ ҷавонон бояд сатҳи донишу малакаи худро пайваста такмил диҳанд, аз имкониятҳои муосир самаранок истифода бурда, дар пешрафти ҷомеа саҳми арзанда гузоранд.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки ҷавонони соҳаи телевизион ва радио бояд бо масъулияти баланд, садоқат ба касб ва ҳисси ватандӯстӣ фаъолият намуда, дар инъикоси дастовардҳои давлату миллат ва таҳкими фазои иттилоотии солим саҳмгузор бошанд.
Дар идомаи ҳамоиш як қатор кормандони ҷавон баромад намуда, вобаста ба нақши ВАО дар рушди ҷомеа ва муаррифии дастовардҳои даврони истиқлол андешаҳои худро иброз доштанд.
Дар анҷоми чорабинӣ ба як гурӯҳ ҷавонони фаъол барои фаъолияти назаррас ва саҳми арзанда дар рушди соҳаи телевизион ва радио сипосномаҳо тақдим гардиданд.
Дар қисмати фарҳангии ҳамоиш барномаи ҷолиби ҳунарӣ бо иштироки санъаткорон пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон




Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ