БАРГУЗОРИИ НИШАСТИ МАТБУОТИИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
ш.Душанбе. 17.07.2026. Имрӯз дар шаҳри Душанбе оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии шаҳри Душанбе дар нимсолаи аввали соли 2026 нишасти матбуотӣ доир гардид. Дар он роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва муассисаву корхонаҳои шаҳрӣ иштирок намуданд.
Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии шаҳри Душанбе дар нимаи аввали соли 2026 дар назди намояндагони васоити ахбори омма гузориш доданд.
Тавре зикр гардид, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи сиёсати бунёдкоронаю созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда фаъолиятро роҳандозӣ намуда, баҳри таъмини рушди иқтисодию иҷтимоӣ, дигаргунсозиҳо дар соҳаҳои инфрасохторию хизматрасонӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, бахусус соҳибкории истеҳсолӣ ва дар ин замина таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, инчунин дарёфти манбаъҳои иловагии андозу пардохтҳо як қатор чорабиниҳои мушаххасро ба роҳ монд.
Бо дарназардошти роҳандозии тадбирҳои зарурӣ дар ин давра тамоюли мусбии аксари соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва устувории нишондиҳандаҳои асосии иқтисодии шаҳр мусбӣ таъмин карда шуд.
Маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ дар нимсолаи аввали соли 2026 ба 19,2 миллиард сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши воқеии он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,1 фоиз зиёд ва саҳми он дар Маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар 24 фоизро ташкил дод.
Истифодаи самараноки иқтидорҳои нав, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда ҷиҳати афзоиш ёфтани нишондиҳандаҳои соҳаи саноати шаҳр дар нимсолаи аввали соли 2026 заминаи мусоид фароҳам овард.
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби 831 корхонаҳои саноатӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба маблағи беш аз 4 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 883 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 25 фоизро ташкил медиҳад.
Дар соҳаи саноати истихроҷи маъдан истеҳсоли маҳсулот ба 82,2 миллион сомонӣ ё 1,7 маротиба, саноати коркард беш аз 2,2 миллиард сомонӣ ё 17 фоиз, таъминоти неруи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво 1,6 миллиард сомонӣ ё 25,2 фоиз ва таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва коркарди дуюмдараҷа 81 миллион сомонӣ ё 1,5 маротиба нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бештар таъмин гардид.
Тибқи маълумоти оморӣ дар моҳҳои январ - июни соли 2026 истеҳсоли энергияи барқ 1 миллиард кВт соатро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11 фоиз афзудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи филиали ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Душанбе дар маҷмуъ ба миқдори 2,4 миллиард кВт соат энергияи барқ қабул гардид.
Дар давраи ҳисоботӣ истеҳсоли неруи гармӣ дар шаҳри Душанбе ба 751 ҳазор Гкал баробар гардид.
Ба тамоми муштариён энергияи гармӣ ба маблағи беш аз 38 миллион сомонӣ, аз ҷумла ба аҳолӣ 12 миллион сомонӣ ва ба ташкилоту идораҳои гуногун 26 миллион сомонӣ интиқол гардидааст.
Дар ин муддати на чандон тулонӣ намуди зоҳирии пойтахтамон дигаргун, зебо ва дилписанд гардидааст. Услуби якҷояи Аврупоию Шарқӣ ва меъмории миллӣ, ки дар сохтмони иншоот ва биноҳо истифода мешаванд, шаҳри Душанберо ба шаҳри замонавию муосир мубаддал гардонидааст.
Бояд тазаккур дод, ки бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани корҳои ободонию созандагӣ барои солҳои 2022-2026 дар шаҳри Душанбе бо фарогирии 4337 чорабиниҳои гуногун бо таъсиси беш аз 14 ҳазор ҷойҳои нави корӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар доираи ин ҷашни бузурги миллӣ ба ҳолати 1 июли соли 2026-ум 6559 адад чорабинӣ, аз ҷумла бунёди 57 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва томактабӣ бо муҷаҳҳазгардонии 513 таҷҳизоти замонавӣ, 27 муассисаи тандурустӣ, 98 коргоҳу корхонаи саноатӣ, 65 километр роҳ, 51 бинои маъмурӣ, 356 иншооти баландошёна бо 243 маркази хизматрасонӣ, 10 иншооти варзишӣ, 6 меҳмонхона, рангубори 983 бино, таъмиру азнавсозии 303 нуқтаи партовпартоӣ ва як қатор корҳои дигар бо таъсиси 11 ҳазор ҷойҳои нави корӣ амалӣ карда шуд, ки дар натиҷа иҷрои нақша ба 1,5 маротиба баробар гардид.
Дар моҳҳои январ - июни соли 2026 бо ҳама намудҳои нақлиёт 11 миллион тонна бор кашонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17 фоиз зиёд мебошад.
Дар ин давра, бо нақлиёти автомобилии корхонаю ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият ва нақлиётҳои шахсони воқеӣ, ки ба боркашонии тиҷоратӣ машғуланд, беш аз 10 миллион тонна бор кашонида шуд, ки 91 фоизи ҳаҷми умумии боркашониро бо ҳама намудҳои нақлиёт ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16 фоиз зиёд мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ бо ҳама намуди нақлиёт 231 миллион нафар мусофир кашонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6 фоиз зиёд мебошад.
Бо мақсади таъмини иҷрои «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028» то инҷониб 90 адад электробуси замонавии нав харидорӣ гардида, ба тавозуни ККВД «Автобуси 1» гузаронида шуд. Инчунин барои харидории боз 100 адад электробуси нав тибқи шартнома бо ширкати ватанӣ корҳо оғоз гардидааст.
Шаҳри Душанбе бо татбиқи босамари барномаву нақшаҳои рушди иқтисоди рақамӣ, ҷорӣ намудани қарорҳои ҳушманду зеҳнӣ ва густариши технологияҳои баланд ба марҳилаи нав ва муассири идоракунии шаҳрӣ қадам гузошт.
Айни замон дар доираи лоиҳаҳои «Шаҳри ҳушманд» татбиқи беш аз 20 лоиҳаҳои гуногуни ҳушманд, аз ҷумла дар самти рушди «иқтисоди рақамӣ», «иқтисоди сабз (шаҳри сабз)», «нақлиёти ҳушманд», «тибби ҳушманд», «таълими ҳушманд», «рушноии ҳушманд», «таваққуфгоҳи ҳушманд», «пардохти ҳушманд» «харитаи электронӣ» ва як қатор самтҳои дигар роҳандозӣ гардидааст.
Дар доираи татбиқи барномаи электронии «Пардохти ҳушманд (Smart pay)» то инҷониб 308 сохторҳои корхонаву муассисаҳои шаҳрӣ, сохторҳои вазорату идораҳо ва 18 адад бонкҳои кишвар ба барномаи мазкур пайваст гардида, рақамикунонии беш аз 3700 хизматрасониҳои давлатӣ пурра тариқи электронӣ ба роҳ монда шуд.
Лоиҳаи «Харитаи электронии шаҳри Душанбе», ки татбиқи он аз 6 марҳила иборат мебошад, айни замон корҳо дар 2 марҳила, аз ҷумла дар марҳилаи харитасозӣ ва таҳрезии система пурра ба анҷом расида, дар боқимонда марҳилаҳо тибқи нақша идома доранд.
Дар ин муддат дар ҳамкорӣ бо ширкатҳо ва провайдерҳои мобилӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, марказҳои савдо, 14 боғҳои фарҳангиву фароғатӣ, 177 нақлиёти ҷамъиятии хатсайрҳои марказӣ ва Фурудгоҳи байналмилалӣ интернети ройгон аз руи технологияи Wi-Fi насб карда шуд.
Дар доираи ҷоннок гардидани кор дар самти таҳия ва амалигардонии лоиҳаҳои гуногуни сармоягузорӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармояи мустақими хориҷӣ ва беҳтар намудани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ дар шаҳри Душанбе дар ин давра ҳаҷми умумии воридоти сармояи хориҷӣ ба 1,6 миллиард сомонӣ баробар гардид.
Бо мақсади роҳандозии ислоҳот дар бозори истеъмолӣ, беҳтар намудани фаъолияти корхонаҳои соҳаи савдою хизматрасонӣ, ба танзим даровардани нархи маҳсулот ва ҷорӣ намудани рақобати солим дар асоси принсипҳои иқтисоди бозорӣ як қатор корҳо ба сомон расонида шуд.
Дар ин давра баҳри таъмин ва фуруши молу маҳсулот дар пойтахт 27 адад бозорҳои коммуналию хусусӣ, аз ҷумла 21 адад дар самти кишоварзӣ, 5 адад фуруши молҳои саноатӣ ва 1 адад бозори масолеҳи сохтмонӣ фаъолият намуда истодааст.
Ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо молу маҳсулоти ниёзи аввалия корхонаҳои соҳаи савдои пойтахт дар арафаи идҳои миллию давлатӣ дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва хоҷагиҳои деҳқонии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мунтазам ярмаркаи фуруши маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ ташкил намуда, дар маҷмуъ дар ин давра 1855,3 тонна молу маҳсулоти ниёзи аввалияро бо нархҳои нисбатан арзон пешкаши сокинони пойтахт гардониданд.
Дар давраи ҳисоботӣ як қатор корҳои назаррас дар соҳаи ободонӣ ва кабудизоркунии шаҳри Душанбе ба анҷом расонида шуд.
Бо мақсади боз ҳам ободу зебо гардонидани кучаю хиёбонҳои пойтахт давоми 6 моҳи соли ҷорӣ ба миқдори беш аз 610 ҳазор бех дарахту буттаҳо, 12,5 миллион дона гулҳои мавсимию бисёрсола шинонида шуда, дар масоҳати 124 ҳазор метри мураббаъ майдони майсазору чаманзор ташкил карда шуд.
Ҷиҳати тақвият бахшидани корҳои ободониву созандагӣ ва хуррамгардонии пойтахт дар ин давра 25 маротиба ҳашарҳои дастаҷамъона бо иштироки беш аз 1,1 миллион нафар кормандони ташкилоту муассисаҳо ва бо ҷалби 1765 адад техникаҳои махсуси партовкашонӣ ба миқдори 4,5 ҳазор тонна партовҳо аз ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт ба партовгоҳи шаҳрӣ интиқол карда шуд.
Бо мақсади зиёд намудани навъи дарахтони нодир дар ин давра ба миқдори 2753 бех дарахтони ороишию сояафкан ва буттагӣ аз хориҷи кишвар ворид карда шуда, дар мавзеъҳои муқарраргардида шинонида шуд.
Соҳаи кишоварзӣ яке аз соҳаҳои афзалиятнок ба шумор рафта, рушди босуботи он дар таҳким бахшидани маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ мавқеи хоса дошта, омили ба шуғли доими ҷалб намудани аҳолӣ ва ғанӣ гардонидани бозорҳои пойтахт бо маҳсулоти тару тозаи ватанӣ ба ҳисоб меравад.
Дар ҳудуди шаҳри Душанбе 764 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ бо фарогирии 1864 гектар заминҳои кишоварзӣ фаъолият менамоянд, ки теъдоди асосии онро хоҷагиҳои деҳқонии оилавӣ ва инфиродӣ ташкил менамоянд.
Мақомот фаъолияти худро дар самти рушди маънавиёт, ташаккули ватандустиву хештаншиносии сокинони шаҳр, дастгирии фаъолияти эҷодии шаҳрвандон, тарбияи ахлоқии ҷомеа мутобиқ ба арзишҳои фарҳангии миллию умумибашарӣ ба таври ҳамешагӣ равона намуд.
Дар ин давра 109 маротиба вохурию мулоқотҳои бевоситаи роҳбарияти мақомот бо фарогирии зиёда аз 30,9 ҳазор нафар масъулини сохторҳои марбута ва сокинони як қатор шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияҳои пойтахт доир карда шуд.
Дар ин давра баҳри сазовор таҷлил намудани иду ҷашнҳои миллӣ қарорҳои дахлдори Раиси шаҳри Душанбе таҳия ва ба тасвиб расида, дар доираи онҳо ҷиҳати таҷлили ҷашни Сада, Рӯзи Артиши миллӣ, Рӯзи модар, Иди байналмилалии Наврӯз, Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе, Рӯзи ҷаҳонии футбол ва ҷашни Ваҳдати миллӣ тадбирҳои муҳиму саривақтӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ амалӣ карда шуд.
Баҳри рушди ҳамаҷонибаи соҳаи маориф, ки яке аз бахшҳои асосии фаъолияти Мақомот ва омили асосии омодасозии захираҳои инсонӣ ба ҳисоб меравад, пайваста чораҳои муассир амалӣ гардида истодааст.
Дар шаҳри Душанбе 174 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, аз ин теъдод 95 муассисаи таҳсилоти томактабии буҷетӣ, 69 муассисаи томактабии хусусӣ ва 10 муассисаи томактабии назди корхонаву ташкилотҳо бо фарогирии 35532 нафар тарбиятгирандагон ва 2147 нафар мураббияҳо, инчунин дар назди 80 муассисаи таълимӣ 132 гуруҳи инкишофи барвақтии кӯдак бофарогирии 2650 нафар кӯдак, фаъолият намуда истодаанд.
Дар ин давра хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт дар умум 2668 медал, аз ҷумла аз ҳисоби Олимпиадаҳои фаннӣ дар байни минтақаҳои ҷумҳурӣ 1164 медал ва аз ҳисоби Олимпиадаҳои байналмилалӣ 1504 медалро ба даст овардаанд, ки аз ин ҳисоб шаҳри Душанбе дар байни дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ дар мақоми аввал қарор дорад.
Масъалаи беҳтар намудани дастрасӣ, сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, муосир ва муҷҷаҳазгардонии инфрасохтори соҳаи тандурустии пойтахт, рушди шаклҳои нави кумаки аввалияи тиббиву санитарӣ яке аз вазифаҳои асосии Мақомот ба ҳисоб мераванд, ки дар ин самт бевосита 16 адад барномаву стратегияҳои миллӣ ва соҳавӣ самарабахш амалӣ гардида истодааст.
Дар ин давра 406 нафар, аз ҷумла 203 нафар табибон ва 203 кормандони миёнаи тиб дар муассисаҳои тандурустии пойтахт бо кор таъмин шудаанд.
Дар доираи татбиқи «Барномаи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ барои давраи то соли 2030» зиёда аз 47 нафар табибон дар хориҷи кишвар, бахусус дар давлатҳои ИМА, Британияи Кабир, Эрон, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Федератсияи Россия аз такмили ихтисос гузаштанд. Ин боиси он гардид, ки амалиётҳои ҷарроҳии нодир дар шаҳр вусъат ёфта, сафари беморон ба хориҷи кишвар коҳиш ва таваҷҷуҳу муроҷиати шаҳрвандони хориҷӣ ба тибби пойтахт афзоиш ёфт.
Фарҳанг самти муҳими иҷтимоӣ дар сиёсати шаҳрӣ мавқеи махсус дошта, масъулин барои ташкилу баргузории шоистаи иду ҷашнҳо ва рушди соҳа як қатор чорабиниҳои мақсаднокро амалӣ намуданд.
Айни замон, дар тобеияти Мақомот 24 муассисаи фарҳангию фароғатӣ (бо дарназардошти 12 адад шуъбаҳои китобхонаи ба номи А. Лоҳутӣ) фаъолият менамоянд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар Китобхонаи шаҳрии ба номи А. Лоҳутӣ ва Китобхонаи муосири пойтахт 1452 адад нусха аз китобу маҷаллаҳои тозанашр ва электронӣ ба маблағи зиёда аз 68,8 ҳазор сомонӣ харидорӣ карда шуд.
Шумораи умумии китобхонаҳо дар шаҳри Душанбе бо инобати китобхонаҳои вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо то инҷониб ба 400 адад баробар гардидааст.
Баҳри баланд бардоштани рисолати худшиносии занон, нақши онҳо дар таҳкими оила, пешгирии шиддати пошхурии оила, тамоюли афзоиши бегонапарастӣ дар байни бонувон, мусоидат ба таҳсил ва ҷойи кор дар ҳамкорӣ бо сохторҳои шаҳриву ҷумҳуриявӣ силсила тадбирҳо амалӣ карда шуд.
Дар шаҳри Душанбе аз шумораи умумии аҳолӣ 628,4 ҳазор нафарро бонувон, аз ин 208,5 ҳазор нафарро ҷавондухтарон ташкил медиҳанд.
Дар ин давра 3777 нафар занон бо ҷойи кор таъмин гардида, беш аз 1445 нафари дигар курсҳои касбомӯзиро аз рӯи ихтисосҳои дузандагӣ, қаннодӣ, адрасбофӣ, қолинбофӣ, попуридӯзӣ ва курсҳои кутоҳмуддати ҳунарҳои мардумӣ хатм намуданд.
Илова бар ин, дар ин давра шумораи соҳибкорзанон афзоиш ёфта, ба беш аз 15,5 ҳазор нафар расид. Дар давраи ҳисоботӣ дар пойтахт 3654 оилаи нав ба қайд гирифта шуд. Шумораи бекоршавии ақди никоҳ ба 576 адад расида, нисбат ба соли гузашта 82 адад кам мебошад.
Дар робита ба татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон ва варзиш дар ин давра як қатор тадбирҳо амалӣ гардиданд.
Дар шаҳри Душанбе аз шумораи умумии аҳолӣ 651 ҳазор нафарро мардҳо, аз ин 240 ҳазор нафарро ҷавонписарон ташкил медиҳанд. Ҷавонон неруи созанда ва идомадиҳандаи арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ, инчунин рушду пешрафти ҷомеа мебошанд. Тақрибан 65 фоизи шумораи аҳолии шаҳрро ҷавонон ташкил медиҳанд.
Бо ин мақсад дар пойтахт дар давраи ҳисоботӣ баҳри татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, инчунин рушду инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар маҷмӯъ 2670 чорабинӣ бо фарогирии 970 ҳазор нафар гузаронида шуд.
Дар 10 муассисаҳои давлатии «Мактабҳои махсуси варзишии захираҳои олимпӣ» 243 нафар мураббиёни дорои дараҷа ва унвонҳои фахрию варзишии баландихтисос ба 6402 нафар варзишгарон дар 381 гуруҳ машқу тамринҳоро ба роҳ монданд.
Ҳамзамон дастпарварони мактабҳои махсуси варзишии захираҳои олимпӣ ва варзишгарони шаҳри Душанбе дар як қатор мусобиқаҳои бонуфузи шаҳрию ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ, чемпионатҳои Осиёву Ҷаҳон, Ҷоми ҷаҳон, Ҷоми Осиё ва бозиҳои Осиё ширкат варзида, соҳиби 4073 адад медал (тилло - 1322 адад, нуқра - 1213 адад ва биринҷӣ - 1538 адад) гардиданд.
Яке аз соҳаҳои муҳими муаррификунандаи давлату миллат, таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои мардумӣ ба меҳмонон ба шумор рафта, рушди он ба инкишофи ҳамаҷонибаи соҳаҳои иқтисодӣ, аз ҷумла бахши хизматрасониву маишӣ ва истеҳсолӣ мусоидат менамояд.
Дар ин давра 701,3 ҳазор нафар сайёҳ тариқи тамоми гузаргоҳҳои сарҳадӣ ба ҷумҳурӣ ворид гардиданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 61 ҳазор нафар зиёд мебошад.
Таҳлили фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба ҳолати ҷинояткорӣ дар ин давра нишон дод, ки шумораи ҷиноятҳо коҳиш ёфта, барои риояи тартиботи ҷамъиятӣ тамоми чораҳои муҳиму мақсаднок равона гардид.
Дар ҷараёни нишаст роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба саволҳои намояндагони васоити ахбори омма оид ба паҳлуҳои алоҳидаи фаъолияти шаҳрдорӣ ва нишондодҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии шаҳри Душанбе дар нимаи аввали соли 2026 ва нақшаҳои шаҳрдорӣ барои давраи минбаъда посух гуфтанд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ