Душанбе, 23 ноябр 2026
Иқтисод

Дар Рим Нақшаи стратегии кишварии Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ барои Тоҷикистон қабул гардид

Дар Рим Нақшаи стратегии кишварии Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ барои Тоҷикистон қабул гардид

ДУШАНБЕ, 23.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 16  ноябр дар  шаҳри Рими Ҷумҳурии Италия иҷлосияи навбатии Шурои иҷроияи Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид баргузор шуд, ки дар он Нақшаи стратегии кишварии “Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027–2030 қабул гардид”.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ҳаҷми нақшаи чорсола зиёда аз 120 миллион доллари амрикоиро ташкил намуда, нисбат ба нақшаи солҳои 2022–2026 беш аз 28 миллион доллар зиёд мебошад.

Дар иҷлосия муовини Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории ҷумҳурӣ  Лутфулло Абдурозиқзода ҳамоҳангии пурраи ин санади стратегиро бо “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва барномаҳои давлатӣ шарҳ дод.

Ҳамзамон 19 ноябр вохӯрии Лутфулло Абдурозиқзода бо Директори Маркази сармоягузории Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) Муҳаммад Мансурӣ баргузор шуд.

Дар мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкории сармоягузорӣ дар самтҳои афзалиятноки фаъолияти Кумитаи бехатарии озуқаворӣ баррасӣ шуд. Аз ҷумла, навсозии озмоишгоҳҳои ташхисии минтақавӣ ва нуқтаҳои назорати сарҳадӣ, таҳкими низоми назорати санитарӣ ва фитосанитарӣ мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ, рақамикунонии равандҳои бехатарии озуқаворӣ ва низоми пайгирии маҳсулот, ҷалби сармоягузорӣ барои баланд бардоштани иқтидори содиротии маҳсулоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима  қарор дода шуданд.

Ҷонибҳо барои таҳияи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ ва тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ ва рушди устувори агросаноатии ҷумҳурӣ изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj