image

РУШДИ САНОАТ ВА ТАЪСИСИ ҶОЙҲОИ НАВИ КОРӢ ДАР НОҲИЯИ СИНО

date_range16.07.2026, 18:00 chat_bubble_outline0 remove_red_eye91

16 июл дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе нишасти матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баргузор гардид. Дар ҷараёни нишаст натиҷаҳои фаъолияти ноҳия дар моҳҳои январ-июни соли 2026 ва самтҳои асосии рушди иқтисодию иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зикр гардид, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино фаъолияти худро дар давраи ҳисоботӣ дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати мамлакат ва дастуру супоришҳои роҳбарияти шаҳри Душанбе ба роҳ монда, ҷиҳати таъмини рушди иқтисодию иҷтимоӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои мушаххасро амалӣ намудааст.

Дар нишасти матбуотӣ таъкид шуд, ки соҳаи саноат яке аз самтҳои муҳими рушди иқтисодиёти ноҳия ба ҳисоб рафта, дар татбиқи ҳадафи чоруми стратегии кишвар — саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳим дорад.

Дар ҳудуди ноҳияи Сино 332 коргоҳу корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, истеҳсоли 83 номгӯи маҳсулотро ба роҳ мондаанд. Дар моҳҳои январ-июни соли 2026 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 1 миллиарду 513,1 миллион сомонӣ расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 362,2 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиши он 131,5 фоизро ташкил медиҳад.

Тибқи нақшаҳои рушди саноат, дар соли 2026 дар ҳудуди ноҳия бунёди 10 корхонаи саноатӣ бо таъсиси 698 ҷойи нави корӣ пешбинӣ гардидааст. Айни замон дар иншооти мазкур корҳои сохтмонӣ идома дошта, ба истифода додани онҳо то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст.

Ҳамзамон, дар давраи ҳисоботӣ дар ноҳия 8468 ҷойи нави корӣ, ҷойҳои кории иловагӣ ва барқароршуда таъсис дода шудааст. Аз ин шумора 7212 ҷойи корӣ дар корхонаю ташкилотҳо ва 1256 ҷойи корӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ташкил гардидааст.

Дар моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ 1525 нафар сокинони ноҳия бо ҷойи кор таъмин гардидаанд, ки аз ин шумора 105 нафар тавассути ярмаркаҳои ҷойҳои корӣ ба шуғл ҷалб шудаанд.

Дар нишасти матбуотӣ ҳамчунин оид ба рушди соҳаи савдо ва хизматрасонии маишӣ маълумот дода шуд. Тибқи маълумоти пешакӣ, гардиши мол дар тамоми воситаҳои амалигардонӣ дар давраи ҳисоботӣ ба 3 миллиарду 409,7 миллион сомонӣ расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 136,7 фоизро ташкил додааст.

Ҳаҷми хизматрасонии маишӣ бошад, ба 109 миллион сомонӣ баробар гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 110,7 фоизро ташкил кардааст.

Дар ҷараёни нишаст намояндагони воситаҳои ахбори омма ба саволҳои худ оид ба самтҳои гуногуни фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино посух гирифтанд.

Валиҷон Шарифзода 

"ТВ Душанбе"