Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар якчанд вазорату идора таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд
17 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои барои таъин ба вазифаҳои ҳайати роҳбарӣ дар вазорату идораҳои соҳаҳои бонкдорӣ, маориф, илм, нақлиёт, энергетика, гумрук ва нафақа пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.
Аз ҳисоби кадрҳои ҷавону соҳибихтисос, донандагони забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосири иттилоотӣ-истеҳсолӣ муовинони роҳбарони вазорату идораҳои бахшҳои номбурда доир ба рақамикунонии истеҳсолот ва технологияи муосири рақамӣ таъин гардиданд.
Дар як қатор муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбии вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тағйироти кадрӣ сурат гирифт. Кадрҳои ҷавони дорои дастовардҳои намоёни илмию таълимӣ ба вазифаҳои роҳбарӣ дар ин муассисаҳо таъин гардиданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни суҳбат сатҳу сифати таълимро дар муассисаҳои вазорати маориф ва илм бо мисолҳо таҳлил намуда, доир ба баланд бардоштани сифати таълим, тарбияи мутахассисони ҷавон ва бартараф намудани камбудиҳои вобаста ба норасоии кадрҳои омӯзгорӣ ва мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи рӯз супоришҳои мушаххас доданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои нав таъиншударо ба хизмати содиқонаю софдилона ба Ватан ва мардуми Тоҷикистон ва бо дасту дили пок иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ ҳидоят намуданд
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ