БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ ИЛМӢ-МАЪРИФАТИИ «ҲАКИМ МАЙСАРӢ: ТАБИИИ НЕКДОН, ШОИРИ МУМТОЗ ВА ТОҶИКИ АСИЛ»
Ҳамоиши илмӣ-маърифатии «Ҳаким Майсарӣ: табиби некдон, шоири мумтоз ва тоҷики асил» ба ифтихори истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гиромидошти хотираи фарзанди ҳакиму фарзонаи миллати тоҷик, табиби ҳозиқ ва шоиру адиби классик Ҳаким Майсарӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ олимону муҳаққиқон, табибон ва роҳбарияти ҶДММ «Тибби Ҳаким Майсарӣ» иштирок намуда, суханронӣ карданд.
Қайд гардид, ки Ҳаким Майсарӣ яке аз табибони тавоно, шоирони мумтоз ва андешмандони барҷастаи миллати тоҷик мебошад. Ӯ соли 935-и милодӣ дар сарзамини Хуросон ба дунё омада, соли 981 китоби пизишкии манзуми худро бо номи «Донишнома» ба забони тоҷикӣ таълиф кардааст.
Зикр гардид, ки «Донишнома»-и Ҳаким Майсарӣ куҳантарин китоби манзум дар илми пизишкӣ буда, нусхаи хаттии ин асари арзишманд дар Китобхонаи миллии Париж нигоҳдорӣ мешавад. Ин табиби нуктадон илми тибро дар қолаби шеъри тоҷикӣ баён намуда, дар 4405 байт барои беш аз 420 беморӣ усулҳои табобатро пешниҳод кардааст.
«Донишнома»-и Майсарӣ ягона асари боқимондаи ӯ буда, тибқи таҳлилҳо, муаллиф тақрибан 50 сол пеш аз таваллуди Абӯалӣ ибни Сино ба эҷоду фаъолияти илмӣ пардохтааст.
Чорабинии мазкур дар партави сиёсати оянданигаронаи Пешвои муаззами миллат, ҷиҳати эҳёи номи шахсиятҳои илмию адабӣ ва донишмандоне, ки дар давраҳои гуногуни таърихӣ барои миллати тоҷик ва илму адаби он хизмат кардаанд, баргузор гардид.
Ҳаким Майсарӣ низ аз ҷумлаи классикони барҷаста ва соҳибкитоби миллати тоҷик маҳсуб меёбад. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷилди якуми китоби «Забони миллат — ҳастии миллат» аз «Донишнома»-и Ҳаким Майсарӣ ёдовар шуда, саҳми ин асари гаронбаҳоро дар қатори дигар сарчашмаҳои хаттӣ «дар ташаккули забони илм ва танзими истилоҳоти тоҷикӣ (форсӣ-дарӣ) то ба имрӯз» арзишманд арзёбӣ намудаанд.
Меҳринисои Абдуҳомид
"Телевизиони Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ