НИШАСТИ МАТБУОТИИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИББИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО БАРГУЗОР ШУД
Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино имрӯз яке аз муассисаҳои пешсафи таҳсилоти олии кишвар ба шумор рафта, сол ба сол нуфузи байналмилалии он густариш меёбад. Бо боло рафтани ҷойгоҳи донишгоҳ дар радабандии ҷаҳонӣ шумораи донишҷӯёни хориҷӣ низ афзоиш ёфта, айни замон дар ин боргоҳи илм аз 32 давлати ҷаҳон 2161 нафар таҳсил мекунанд. Аз ин шумора 2104 нафар дар зинаи бакалавр ва 57 нафар дар зинаҳои баъдидипломӣ ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд.
Зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино Муҳиддин Нуриддин Давлаталӣ иттило дод, ки дар донишгоҳ таълим бо се забон — тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шуда, аз рӯйи 7 ихтисоси асосии тиббӣ мутахассисон омода мегарданд.
Ҳамзамон, дар 40 ихтисоси таҳсилоти баъдидипломӣ, аз ҷумла интернатура, ординатураи клиникӣ, магистратура ва докторантура низ кадрҳои баландихтисос тайёр карда мешаванд. Яке аз дастовардҳои муҳими донишгоҳ татбиқи пурраи низоми электронии идоракунии таълим мебошад. Ҳар як донишҷӯ кабинети электронии инфиродӣ дошта, метавонад аз ҳар гӯшаи кишвар ба маводи таълимӣ, натиҷаи имтиҳонҳо ва дигар маълумоти зарурӣ дастрасӣ пайдо кунад. Волидайн низ имкони пайгирии раванди таҳсили фарзандони худро доранд.
Дар идома ректор доир ба ҷорӣ намудани навгониҳои илму технология дар раванди таълимӣ андешаронӣ намуд.
Саодат Тоирӣ
"Телевизиони Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ