image

СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА ТАКМИЛИ НИЗОМИ КОРГУЗОРӢ ВА НАЗОРАТИ ЭЛЕКТРОНИИ ҲУҶҶАТҲОИ ХИЗМАТӢ

date_range28.07.2026, 23:56 chat_bubble_outline0 remove_red_eye6

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар самти истифодаи технологияҳои рақамӣ ва татбиқи самараноки низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ семинари омӯзишӣ оид ба «Такмили низоми коргузорӣ ва назорати электронии ҳуҷҷатҳои хизматӣ» баргузор гардид.

Дар семинари омӯзишӣ намояндаи Агентии инноватсия ва технологияхои ракамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эшниёзова Ҷонона вобаста ба мавзуи матраҳгардида ба таври возеҳу равшан баромад намуда, мазмуну мундариҷаи қарори қонунҳои амалкунандаи соҳавиро дар самти таъмини бехатарии гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ ба самъи ҳозирин расонид.

Ҳамзамон, зимни семинар иштирокчиён бо тартиби бақайдгирӣ, ирсол, баррасӣ, назорат ва бойгонии электронии ҳуҷҷатҳои хизматӣ шинос гардида, оид ба истифодаи дурусти низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ тавсияҳои амалӣ гирифтанд. Инчунин, масъалаҳои таъмини иҷрои саривақтии супоришҳо, баланд бардоштани масъулияти кормандон ва риояи талаботи коргузории муосир мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Таъкид гардид, ки ҷорӣ намудани низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ ба шаффофият, сарфаи вақт, беҳтар гардидани сифати коргузорӣ ва назорати муассири иҷрои ҳуҷҷатҳои хизматӣ мусоидат намуда, яке аз самтҳои муҳимми рақамикунонии фаъолияти мақомоти давлатӣ ба ҳисоб меравад.