image

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд

date_range29.07.2026, 14:49 chat_bubble_outline0 remove_red_eye6

29 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар маросими ифтитоҳи мусобиқаҳои байналмилалии «Бозиҳои оянда» вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Остона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ва дигар намояндагони воломақом гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Ба ифтихори меҳмони олиқадр майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатӣ оро ёфта, қаровули фахрӣ саф ороста буд.