Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи мусобиқаи байналмилалии «Бозиҳои оянда» иштирок намуданд
29 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон дар шаҳри Остона дар маросими ифтитоҳи мусобиқаи байналмилалии “Бозиҳои оянда” иштирок намуданд.
Бояд гуфт, ки бозиҳои оянда рамзи давраи нав мебошад, ки дар он фарҳанги ҷисмонӣ ва технологияҳои пешрафтаи рақамӣ бо ҳам муттаҳид шудаанд.
Ин формати инноватсионӣ рӯҳияи замонро инъикос мекунад ва рушди варзишҳои анъанавиро бо имкониятҳои бепоёни зеҳнии фазои киберӣ муттаҳид месозад.
Мавриди зикр аст, ки чунин ташаббусҳо на танҳо ба рушди технологӣ нигаронида шудааст, балки ба таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимод байни мардумони ҷаҳон мусоидат мекунанд.
Мусобиқаи байналмилалии бозиҳои оянда намояндагони пешбари ҷомеаи инноватсионии варзиширо дар бар мегирад ва меъёрҳои навро барои рушди варзиши рақамӣ дар кишварҳо муқаррар хоҳад кард.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ