ШИРКАТИ ҲАВОПАЙМОИИ «СОМОН ЭЙР» СОҲИБИ ҲАВОПАЙМОИ НАВИ BOEING 737 MAX 8 ГАРДИД
Дар ҷаҳони имрӯз рақобат дигар танҳо байни ширкатҳо нест, балки байни суръат, сифати хизматрасонӣ ва эътимод сурат мегирад. Кишваре, ки инфрасохтори нақлиётии худро нав мекунад, дар асл иқтисоди худро ба суръати замон мутобиқ месозад. Дар ин росто фазои авиатсионии кишвар қадамҳои устувор мегузорад.
Ин навбат Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» соҳиби ҳавопаймои нави Boeing 737 MAX 8 гардид. Ин тадбир дар доираи таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба рушди соҳаи авиатсияи гражданӣ ва тавсеаи имконоти ҳамлу нақли ҳавоӣ амалӣ гардид.
Маросими тантанавии истиқболи ҳавопаймои нав дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе баргузор шуд. Дар ин маросим роҳбарияти Агентии Авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҶТ, роҳбарияту кормандони масъули ширкати “Сомон-эйр” ва шарикони байналмилалӣ иштирок доштанд.
Иброз шуд, ки Ба шарофати таваҷҷуҳу дастгирии доимии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон, дар мамлакат инфрасохтори наклиёт пайваста рушд намуда, соҳаи авиатсия муосир мегардад ва барои тавсеаи минбаъдаи шабакаи хатсайрҳо ва рушди ҳамлу нақли байналмилалии ҳавой шароитимусоид фароҳам оварда мешавад.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки ворид гардидани ҳавопаймои нав марҳилаи навбатии татбиқи барномаи навсозии парки ҳавопаймои ширкати “Сомон-эйр” буда, саҳми муҳим дар рушди минбаъдаи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Ҳавопаймои нав ба номи Абуали ибни Сино — донишманд, файласуф ва табиби барчаста, яке аз бузургтарин намояндагони афкори илмии точикону форс бахшида шудааст.
Тибқи иттилоъ ҳавопаймои Boeing 737 МАХ 8 барои интиқоли 174 мусофир пешбинй гардида, дорои 12 ҷойи синфи бизнес ва 162 ҷойи синфи иқтисоди мебошад. Ҳавопаймо бо муҳаррикҳои насли нав ва таҷҳизоти муосири авиатсионӣ муҷаҳҳаз буда, бо самаранокии баланди сузишворӣ, масофаи бештари парвоз, мутобиқат ба талаботи экологӣ ва сатҳи баланди роҳат барои мусофирон фарқ мекунад.
Тавре масъулин мегӯянд то охири моҳи августи соли 2026 ворид гардидани ҳавопаймои дуюми Boeing 737 МАХ • дар назар аст, ки ба он номи поягузори адабиёти классикии тоҷикону форс Абуабдуллоҳи Рудакӣ дода мешавад. Тибқи иттилоъ айни замон парки ҳавопаймоии ширкати «Сомон Эйр» аз ҳафт ҳавопаймои навъи Boeing 737-800, Boeing 737-900 Ba Boeing 737 MAX 8 иборат мебошад.
Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ