Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 14 июли соли 2026, №527 «Дар бораи ташкил ва баргузории ярмаркаи фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ дар шаҳри Душанбе», аз 1 то 31 августи соли 2026 дар ҳудуди пойтахт ярмаркаҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ дар ҷойҳои муайяншуда баргузор мегарданд.
Бо мақсади иҷрои қарори мазкур имрӯз муовини Раиси шаҳри Душанбе Тоҳирзода Меҳриддин якҷо бо сохторҳои дахлдор дар чанде аз бозорҳо марказҳои савдои пойтахт аз нуқтаҳои ярмаркаи фурӯши либоси ягонаи мактабӣ ва лавозимоти хониш боздид намуданд.
Зимни боздид ба масъулони нуқтаҳои фурӯш дастур дода шуд, ки ба сифати маҳсулот, хизматрасонӣ, риояи талаботи беҳдоштӣ ва нигоҳ доштани сатҳи муътадили нархҳо диққати махсус зоҳир намоянд.



