БАРГУЗОРИИ СУҲБАТУ ВОХӮРИИ СУДМАНД БО СОКИНОНИ МАҲАЛЛАҲОИ ШАФАҚ, НОДИРА ВА АҲРОР МУХТОРОВ ҶИҲАТИ ҶАЛБИ ҶАВОНОНИ СИННИ ДАЪВАТӢ БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Имрӯз бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 10 июни соли 2026, №455 «Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагии муташаккилона барои баргузор намудани даъвати навбатии тирамоҳии шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1999–2008 ба хизмати ҳарбӣ дар соли 2026» дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №62 бо сокинони маҳаллаҳои Шафақ, Нодира ва Аҳрор Мухторов бо иштироки муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ, раиси Комиссияи даъвати ноҳиявӣ Қодирзода Ҷовидон Қодир, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Бобохонзода Раҷабалӣ Хайрулло ва намояндаи Комиссариати ҳарбии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷиҳати ҷалби ҷавонони синни даъватӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо волидайн ва ҷавонони синни даъватӣ сӯҳбату вохӯрии судманд доир карда шуд.
Зимни суханронӣ баромадкунандагон вобаста ба аҳамияти хизмати ҳарбӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва нақши волидайн дар омода намудани фарзандон ба адои қарзи муқаддаси Ватан суханронӣ намуданд.
Дар идома, ба ҳозирин оид ба имтиёзҳои давлату ҳукумат ба ҷавононе, ки ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил мегарданд, шароити буду боши навдаъватшудагон дар хизмати ҳарбӣ, инчунин зарурати ҷалби фаъолонаи ҷавонони синни даъватӣ дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ маълумоти муфассал пешниҳод гардида, ҳозирин ба саволҳои худ посухҳои муфид гирифтанд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ