image

ДАСТГИРИИ СОҲАИ МАОРИФ ВА ҚАДРДОНИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ АТТЕСТАТИ АЪЛО БО МЕДАЛИ ТИЛЛО

date_range10.08.2026, 22:46 chat_bubble_outline0 remove_red_eye9

Боиси ифтихору сарфарозист, ки 13 нафар хатмкардагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар озмуни ҷумҳуриявии «Аттестати аълои универсалӣ ва равиявӣ бо медали тилло ва нуқра» сазовори 13 медали тилло гардида, ноҳияи Шоҳмансурро аз рӯйи шумораи медалҳои тилло миёни тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар мақоми аввал қарор доданд.

Имрӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур ба ифтихори ин дастоварди арзанда маросими ҳавасмандгардонии ғолибон баргузор гардид.

Дар маросим ҳамаи 13 нафар ғолибон барои дастоварди назаррас дар таҳсил ва иштироки фаъолона дар озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд.

Ҳамзамон, роҳбарони муассисаҳои таълимие, ки шогирдонашон муассисаро бо аттестати аъло ва медали тилло хатм намуданд, барои саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас ва омода намудани хонандагони соҳибистеъдод бо Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур сарфароз гардонида шуданд.

Таъкид шуд, ки чунин таваҷҷуҳ ба татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои ҳамешагии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мусоидат намуда, барои баланд бардоштани ҳавасмандии хонандагон ва омӯзгорон, инчунин ноил гардидан ба дастовардҳои нави илмӣ ва таълимӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.