image

ДАРЁОБОД СӮЙИ ОБОДӢ: 2500 МЕТР РОҲИ НАВ ДАР СЕ КӮЧАИ МАҲАЛЛА

date_range10.08.2026, 13:00 chat_bubble_outline0 remove_red_eye6

Субҳи имрӯз Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Сафарзода Дилшод Ғанӣ бо мақсади боздид аз корҳои созандагию бунёдкорӣ дар маҳаллаи Дарёободи ноҳия, аз ҷумла рафти корҳои сохтмонӣ ва мумфаршкунии роҳҳо, ба ин маҳалла ташриф овард.

Зимни боздид, таъкид гардид, ки рафти корҳои ободонию созандагӣ ва таҷдиди инфрасохтори роҳу нақлиётӣ мавриди таваҷҷуҳи роҳбарияти ноҳия қарор гирифта, он да доираи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ бахшида ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Дар ҳамин замина, дар се кӯчаи маҳаллаи Дарёобод корҳои сохтмон ва мумфаршкунии роҳҳо ба роҳ монда шуда, дар маҷмуъ 2500 метр роҳҳои нав сохта ва мумфарш карда мешаванд.

Раиси ноҳия зимни шиносоӣ бо рафти корҳои роҳсозӣ ба сифати иҷрои корҳои сохтмонӣ, риояи талаботи технологӣ, истифодаи масолеҳи босифат ва устувории роҳҳои сохташаванда таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Ҳамзамон, ҷиҳати таъмини назорати ҷиддӣ аз болои раванди корҳои сохтмонӣ, риояи меъёрҳои муосири роҳсозӣ ва иҷрои саривақтии нақшаҳои пешбинигардида ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дар рафти боздид миёни раиси ноҳия ва масъулони соҳа доир ба ҷараёни корҳои сохтмонӣ машварату маслиҳатҳо баргузор гардида, таъкид шуд, ки корҳои роҳсозӣ бояд бо сифати баланд анҷом дода шуда, ҳар як марҳилаи он таҳти назорати доимӣ қарор гирад.

Раиси ноҳия таъкид намуд, ки роҳҳои нав бояд дар муҳлати муқарраршуда ва бо сифати баланд сохта ба истифода дода шаванд. Зеро беҳтар намудани ҳолати роҳҳо на танҳо барои фароҳам овардани шароити мусоиди ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардон, балки барои боз ҳам ободу зебо гардидани маҳалла ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинон аҳамияти муҳим дорад.

Сохта ба истифода додани роҳҳои нав дар се кӯчаи маҳаллаи Дарёобод барои беҳтар гардидани инфрасохтори роҳу нақлиётӣ, фароҳам овардани шароити муносиб барои сокинон ва боз ҳам ободу замонавӣ гардидани симои маҳалла заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.

Бори дигар таъкид шуд, ки корҳои мазкур дар доираи тадбирҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, ба боз ҳам ободу зебо ва пешрафта гардидани ноҳияи Фирдавсӣ ва пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе мусоидат менамоянд.