image

ҲАМОИШИ ҶУМҲУРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ «ИСТИҚЛОЛ: ТАҶРИБАИ СОБИҚАДОРОН, НЕРӮИ ҶАВОНОН, ФАРДОИ ДУРАХШОНИ ВАТАН»

date_range12.08.2026, 14:27 chat_bubble_outline0 remove_red_eye28

12 августи соли ҷорӣ дар толори Муассисаи давлатии «Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим» бо ибтикори Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамоиши ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Истиқлол: таҷрибаи собиқадорон, нерӯи ҷавонон, фардои дурахшони Ватан» баргузор гардид.
    Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
    Дар ҳамоиш муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, Раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ Қурбонова Руқия, собиқадорон, ходимони давлатӣ ва ҷавонон иштирок намуда, суханронӣ карданд.
    Зимни суханрониҳо таъкид гардид, ки имрӯз мардуми Тоҷикистон дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Истиқлолияти давлатӣ барои миллати тоҷик дастоварди бузурги таърихӣ ва неъмати бебаҳо буда, маҳз ба шарофати он кишвар роҳи рушди устувор, созандагиву бунёдкорӣ ва таҳкими давлатдории миллиро пеш гирифтааст.
   Дар идомаи ҳамоиш нақши собиқадорон дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ҳифзи арзишҳои истиқлолият, тарбияи насли наврас ва ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва садоқат ба Ватан муҳим арзёбӣ гардид.
   Ҳамчунин, зикр карда шуд, ки таҷрибаи бойи собиқадорон ва нерӯи созандаи ҷавонон ду нерӯи муҳимми ҷомеа буда, ҳамкории онҳо барои идомаи корҳои созандагиву ободонӣ ва рушди минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол аҳамияти калон дорад.
   Дар фазои ҳамоиш ба масъалаи пайванди наслҳо, арҷгузорӣ ба хизматҳои собиқадорон ва баланд бардоштани ҳисси масъулияти ҷавонон дар назди Ватан таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.
   Дар фарҷоми ҳамоиш барномаи рангини фарҳангӣ, ки аз ҷониби аҳли фарҳанг ва ҳунармандони ҷавон омода гардида буд, пешкаши иштирокчиён карда шуд.
   Ҳамоиш дар фазои идона ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ба анҷом расид.

Мунаввара Мирхолова 

"ТВ Душанбе"